Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ХАЗАНДАГОН
Reptilia
МОРИ ХОЛДОРИ САРСИЁҲ
Boiga trigonata melanocephala (Annandale, 1904) Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои обӣ ‒ Colubridae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон паҳн гардидааст.
Дар солҳои охир онро дар «Бешаи палангон», Қурҷалиқум, Айвоҷ, Чилучорчашма ва Чирик вохўрдаанд. Дар гузашта муҳити сукунати он атрофи шаҳри Қурғонтеппа, Қумсангир (Дўстӣ) ва водии Бешкент ба ҳисоб мерафт.
Саршумор
Соли 2012 дар муддати 5 рўз 2 фарди ин намуд дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва регистони Қурҷалиқум ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси сукунати мор мавзеъҳои биёбонии регӣ ва гили дорои саксаул, ҷузғун ва растаниҳои алафии сирак мебошад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 3-4 солагӣ ҳангоме, ки дарозии бадани мор 450-500 мм гардидан ба балоғат мерасад. Ҳадди ниҳоии дарозии танаш, ки то 910 мм мерасад дар 7 солагиашон ба вуқўъ меояд. Дар охири моҳи апрел ва авали моҳи май ҷуфт мегарданд.
Модина дар моҳи июл 5-11 тухм мегузорад. Насли мор дар охири август ва сентябр аз тухм мебароянд. Андозаи бадани мори нав аз тухм баромада 240-260мм – ро ташкил медиҳад.
Ба сифати паноҳгоҳ аз лонаи хояндаҳо махсусан калламуши регии думсурх истифода мебарад.
Мори холдор заҳр надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани мавзеъҳои хоси зисти ва таъкиби он аз тарафи инсон боиси маҳдудгардии саршумори мори холдори сарсиёҳ гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар водии Бешкент ҷамоаи табии ин мори нодир ба зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода шавад. Биологияи мори холдорро махсус омўхта, оид ба муҳофизати он тарғиботро пурзўр бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Красная книга Тадж.ССР, 1988.
МОРИ ЧИПОРИ
КУНДАЛАНГРАХ
Platyceps karelinii (Brandt, 1838) Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои обӣ ‒ Colubridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қисми шимолӣ ва ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, атрофи ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Хуҷанд, Ҷилликўл, Айвоҷ, Қубодиён ва соҳили дарёҳои Кофарниҳону Вахш паҳн гардидааст.
Саршумор
Дар бораи саршумораш маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои зист маҳдуд гардидани саршумор ба чашм мерасад.
Муҳити сукунат
Дар поёноби дарёҳои Кофарниҳону Вахш дар нимбиёбонҳои наздикўҳӣ, киштзорҳо ва дар наздикиҳои маҳалҳои аҳолинишин вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳҳои апрел ва май ҷуфт гардида, дар моҳҳои август ва сентябр насли нави он пайдо мегардад.
Асосан аз калтакалосҳо, хояндагони хурд, чўҷаи парандагон ғизо мегирад. Мори безаҳр аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани маҳали сукунат, таъқиб аз ҷониби инсон омилҳои асосии маҳдудкунандаи САРШУМОХАЗАНДАГОН Reptilia ри мори чипори кундаланграх мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва террариум парвариш ва нигоҳубини ин намуд имконпазир аст Тадбирҳои ҳифз
Парвариш кардани мори чипори кундаланграх дар парваришгоҳҳои махсус бо мақсади зиёд намудани насли он ва ба муҳити табиии сукунат сар додани ин намуд ба барқарор гардидани саршумори он мусоидат мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ