Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Саршумор
Дар гузашта саршумори гурза дар масофаи 5-10 км 3-7 фардро ташкил медод. Аз рўйи маълумоти солҳои охир саршумори гурза дар 10 км аз 1-2 фард зиёд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Дар моҳҳои апрелу май ҷуфт шуда, моҳи июн аз 8-9 тухм мегузорад.
Ғизои асосии гурза хояндагон, парандагон, тухми парандагон, калтакалосҳо ва обхокиҳо ба шумор рафта, насли ҷавони он аз ҳашарот ғизо мегирад. Мори заҳрдор аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Босуръат аз худ кардани заминҳои маҳали сукунат, ғайриқонунӣ ташкил намудани морхонаҳо бо мақсади гирифтани заҳр, бо роҳи
ХАЗАНДАГОН
Reptilia қочоқ ба фурўш мондани фардҳои болиғ, маҳдуд гардидани захираи ғизо, аз ҳад зиёд гардидани чорво дар маҳали сукунати гурза омилҳои маҳдудкунандаи саршумори гурза мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити парваришгоҳ ва террариум парвариш ва нигоҳубини гурза имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси зисти гурзаро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқ эълон намудан зарур аст. Истифодаи гурза бо мақсади гирифтани заҳр зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979, 1988; Сатторов, 1993, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
МОРИ АФЪИИ РЕГЗОР
Echis multisquamatus Cherlin, 1981 Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои афъӣ ‒ Viperidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон, регзори Қародум (атрофи Кумсангир), Шоркул (Панҷи поён), Қашқадум (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»), Ҷилликўл, Қубодиён, Айвоҷ, водии Бешкент ва Ганҷина паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар регзорҳои гилдори биёбон, атрофи заминҳои обӣ, харобаҳои биноҳои гилин, теппаҳои регдор, ки саксаули сафед ва шутурхор мерўянд, дар баландиҳои 300-950 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Тарқиш, сўрох, ковокиҳо ва лонаҳои куҳнаи калламуши регии думсурхро дар регзору регтеппаҳо ба сифати паноҳгоҳ истифода мебарад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар қитъаҳои гуногуни регзорҳои қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (регзори Қародум, Қашқадум, Шоҳ ва ғ.) дар масофаи 6-12 км то 2-5 фард ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар маҳалҳои номбурда дар масофаи 35-40 км тақрибан 1 фарди мори афъӣ дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ Баъди хоби зимистона моҳи март хеста, дар моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад. Дар моҳи апрел ба ҷуфтшавӣ сар намуда, ба қатори морҳои зиндазой дохил мешаванд. Аз 3-6 то 11-16 бача (дарозиашон 10-14)-ро мегузорад.
Хояндаҳои хурд, баъзан хазандаҳо, парандаҳо ва обхокиҳоро ба сифати ғизо истифода мебаранд. Мори афъӣ заҳрдор аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани мавзеъҳои зисти мори афъӣ, таъқиби намуд, аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар маҳали сукунати мори афъӣ омилҳои асосии маҳдудкунандаи саршумори он мегардад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси зисти мори афъиро дар регзорҳои атрофии дарёи Аму ва Айвоҷ зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода ғўруқ эълон намудан зарур аст. Истифодаи мор бо мақсади гирифтани заҳр зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979, 1988; Сатторов, 1993.

пешина
аз 256
навбатӣ