Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ЛАКЛАКИ САФЕД
Ciconia ciconia (Linnaeus, 1758) Қатори
Пойдарозон ‒ Ciconiiformes Оилаи
Лаклакҳо ‒ Ciconiidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Муҳити ҳозираи сукунати лаклаки сафед водии дарёҳои Зарафшон ва Сирро дар бар мегирад.
Соли 1908 дар байни Исфара ва Мастчоҳ миқдори зиёди лаклакҳои лонагузор вомехўрданд.
Солҳои 1934-1935 дар атрофи Ҳисор ва Сарикиштӣ, соҳили дарёи Кофарниҳон ва атрофи шаҳри Душанбе селаи лаклакҳои лонагузор мушоҳида карда шудааст. Айни замон танҳо 6 лонаи лаклаки сафед дар деҳаҳои Кўлканд, Навгилем ва Чилгазии ноҳияи Исфара боқӣ мондааст.
Муҳити сукунат Дар чинорҳои баланд, сафедор, сада, гунбазҳои масҷид ва манораҳои обғундор лона мегузорад.
Дар Конибодом як ҷуфт лаклаки сафед дар манори обғундори корхонаи равғанкашӣ муттасил лона месозад.
Саршумор
Мувофиқи баҳисобгирии охирин,
6 лона ва 24 фарди лаклаки сафед дар ҳудуди ноҳияи Исфара боқӣ мондааст. Дар фасли зимистон селаи иборат аз 10 то 50 сар лаклакҳо дар пайи ҷустуҷўи ғизо ба водии дарёҳои Сир ва Зарафшон парида меоянд.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи мавсимии лонагузор мебошад. Як лонаро чандин сол истифода мебарад. Лона аз шохчаҳои хушк иборат аст. 2-4 тухм мегузорад. Тухмгузорӣ дар
ПАРАНДАГОН
Aves моҳҳои март-апрел ва аз тухм баромадани чўҷаҳо дар нимаи моҳи май ба вуқўъ мепайвандад. Ғизои лаклаки сафед қурбоққа, кафлесак, мор, калтакалос, хояндаҳои майда, кирминаву ҳашароти калон ва нармбаданҳои обӣ аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии камшуморӣ ва маҳдудии сукунатгоҳи лаклаки сафед азхудкунии ботлоқзорҳо ва мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои кишти зироатҳои кишоварзӣ, буридани дарахтони кўҳан ва вайрон намудани иморату иншоотҳои кўҳани баланд, истифодаи заҳрхимикатҳо ба ҳисоб мераванд.
Тадбирҳои ҳифз Дар мавзеъҳои ғизогирии лаклаки сафед истифодаи заҳрхимикатҳоро манъ кардан зарур аст.
Мониторинги мунтазам оид ба баҳогузории ҳолати популятсияи онро ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971, 1988; Абдусалямов, Мирзобаҳодурова, 2010.
ПАРАНДАГОН
Aves
ЛАКЛАКИ СИЁҲ
Ciconia nigra (Linnaeus, 1758) Қатори
Пойдарозон ‒ Ciconiiformes Оилаи
Лаклакҳо ‒ Ciconiidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
2 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёҳои Зарафшон ва Кофарниҳон паҳн гардидааст.
Дар давраи кўчи баҳорӣ ва тирамоҳӣ онро дар водии дарёҳои Панҷ, Вахш, Сир, инчунин водии Аличур ва Искандаркўл дидан мумкин аст. Аввалҳои асри XX лаклаки сиёҳ қад-қади дарёи Панҷ (Чубек ва Хирманҷо) ва водии дарёи Зарафшон лона мегузошт.
Барои зимистонгузаронӣ ба Ҳиндустон ва Покистон кўчиш мекунад.
Муҳити сукунат Қад-қади дарёҳои кўҳӣ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад.
Саршумор
Саршумори умумии лаклаки сиёҳ дар Тоҷикистон 3-4 ҷуфтро ташкил медиҳад. Аввалин лаклакҳои сиёҳ охирҳои январ парида меоянд. Баҳорон кўчи онҳо то миёнаи апрел давом мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ