Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дар дарахтон лона мегузорад.
Аввалҳои моҳи апрел 1 ё 2 тухм мегузорад. Баъди 43-45 рўз чўҷа мебарорад. Чўҷаҳо баъди 82-84 рўз болиғ мешаванд. Ғизои уқоби морхўр мори чипор, мори
ПАРАНДАГОН
Aves обӣ, қурбоққа ва баъзан моҳӣ мебошад.
Дар Африқо, Арабистон ва Осиёи Ҷанубӣ зимистон мегузаронад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ хуб парвариш меёбад ва афзоиш меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Фаъолияти хоҷагии инсон, коҳиш ёфтани шумораи хазандагон, маҳдудияти сукунатгоҳ боиси камшумории уқоби морхўр гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Ба мақсади барқарор намудани саршумори уқоби морхўр парваришгоҳи махсус барои афзоиш кунонидани он ташкил намудан зарур аст. Тарғиботро оид ба ҳифзи уқоби морхўр пурзўр намуда, дар маҳалҳои сукунати он муҳофизати хазандагонро низ ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1960; Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Красная книга СССР, 1978; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
УҚОБИ МОҲИХЎР
Pandion haliaetus (Linnaeus, 1758) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Мавзеъи ягонаи аниқи лонагузории уқоби моҳихўр Друмкўл мебошад, ки дар саргаҳи дарёи Шоҳдара (ВМБК) ҷойгир шудааст.
Дар маҳалҳои дигари Тоҷикистон онро баҳор ва тирамоҳ дар мавсими парвоз вохўрдан мумкин аст.
Муҳити сукунат Уқоби моҳихўр танҳо дар Друмкўл, ки оби соф, ширмоҳии фаровон ва соҳилаш нишебиҳои шахсор дорад, лона мегузорад.
Баъзан дар атрофи хоҷагиҳои моҳипарварӣ вомехўрад.
Саршумор
Танҳо як ҷуфти лонагузори уқоби моҳихўр маълум аст. Парандаи мавсимӣ буда, баъзан лона мегузорад. Дар мавсими парвоз баҳорон аз охирҳои март то охирҳои май, тирамоҳ бошад, аз охирҳои август то охирҳои октябр вомехўрад. Аҳён-аҳён дар зимистон низ дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар байни шахҳо лона месозад.
Чўҷаи ягонаи худро аз аввалҳои июл то миёнаҳои август нигоҳубин мекунад. Уқобҳои паррончак муҳити лонагузориро нимаи дуюми август ва аввалҳои сентябр тарк менамоянд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубин дар шароити сунъӣ имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Маҳдуд гардидани манбаъҳои ғизоӣ ва дар атрофи хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъқиб ва шикор намудани уқоби моҳихўр боиси маҳдуд гардидани саршумори он гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Друмкўлро, ки муҳити ягонаи лонагузории уқоби моҳихўр мебошад, зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Оид ба ҳифзи уқоби моҳихўр, ки парандаи нодири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бештар тарғибот бурдан лозим аст. Ба мақсади барқарор намудани саршумори ин паранда парваришгоҳи махсус барои афзоиш кунонидани он ташкил намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов, 1971; Красная книга СССР, 1978; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
УҚОБИ ЛОШАХЎР
Neophron percnopterus (Linnaeus, 1758) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ноҳияҳои ҳамвори ҷумҳурӣ вомехўрад. Дар қисмати шимолии водии дарёи Сир ва доманаи қаторкўҳи Туркистон, дар маҳалҳои байни Хуҷанду Истаравшан лона мегузорад. Дар водии Панҷ - Қалъаи Хумб, Рўшон, Хоруғ ва миёнаҷои водии дарёҳои Ғунду Шоҳдара дучор меояд. Дар водии дарёи Вахш, Ҳоит (мавзеъи Бегисиёҳ) ва Ҷиргатол лона мегузорад.

пешина
аз 256
навбатӣ