КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Шимолӣ, дар дарёбоди Зарафшон, дар атрофи Панҷакент, Марғидар ва дар ғўруқи Зарафшон вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар туғайзору ангатзори соҳили дарёи Зарафшон зиндагӣ мекунад.
Баъзан дар токзорҳо, боғҳо, юнучқазор ва тамокузорҳо низ ба мушоҳида мерасад.
Саршумор.
Хеле кам мондааст. Соли 2011 дар ғўруқи Зарафшон 28 сари он ба қайд гирифта шуда буд. Дар солҳои охир муҳити сукунати тазарви зарафшонӣ то андозае беҳтар гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи муқимӣ аст. Охири моҳи феврал ба хониш медарояд.
Охири моҳи март 8-14 тухм мегузорад.
Чўҷаҳои аввалин моҳи май аз тухм мебароянд. Ғизои тазарв қисмҳои гуногуни растаниҳо аст.
Тобистон аз ҳашарот низ ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, киштзор кардани туғайзорҳо, буридани дарахтон, истифодаи заҳр химикатҳо дар заминҳои ба зироатҳои кишоварзӣ ва сўхтори туғайзорҳо боиси маҳдуд гардидани саршумори тазарви зарафшонӣ мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз Муҳофизати тазарви зарафшониро дар туғайзорҳои ғўруқи Зарафшон ва минтақаҳои ҳамсарҳади он пурзўр намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов, 1971; Раҳимов, 2012.
ТАЗАРВИ СИРДАРЁӢ
Phasianus colchicus turkestanicus (Lorenz, 1896) Қатори
Мурғшаклон ‒ Galliformes Оилаи
Тазарвҳо ‒ Phasianidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар туғайзорҳои дарёи Сир, дар атрофи Конибодом, обанборҳои Қайроққум ва Фарҳод вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар туғайзору қамишзорҳои водии дарёю обанборҳо, ки бед ва санҷид барин дарахтон месабзанд, дучор меояд. Онро дар токзорҳо, боғҳои дарахтони мевадиҳанда, пахтазор ва юнучқазор низ дидан мумкин аст.
Саршумор.
Парандаи хеле нодир буда, саршумори он аниқ карда нашуда аст. Соли 2012 ҳангоми таҳқиқи обанбори Фарҳод 3 ҷинси наринаи он ба қайд гирифта шуда аст.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра таҳқиқ нагардидаст.
Модинаҳо то 12-14 тухм мегузоранд.
Дар охири моҳи август чўҷаҳо ба балоғат расида, соли оянда ба афзоиш шурўъ мекунанд.
Парандаи муқимӣ аст.
Шағол, рўбоҳ, парандагони даранда душманони табиии тазарви сирдарёӣ мебошанд.
ПАРАНДАГОН
Aves
Парвариш дар шароити сунъӣ Корҳои озмоишӣ оид ба парвариш дар шароити сунъӣ оғоз гардида истодааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, аз худ кардани туғайзорҳо, буридани дарахтон, оташ задани қамишзорҳо боиси маҳдуд гардидани саршумори тазарви сирдарёӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ дар атрофи обанборҳои Фарҳод ва Қайроққум пурзўр намуда, роҳҳои бо роҳи сунъӣ афзоиш кунонидани тазарви сирдарёӣ кор карда баромадан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов, 1971; Раҳимов, 2012.
ПАРАНДАГОН
Aves
ДУҒДОҒ
Otis tarda tarda (Linnaeus, 1758) Қатори
Турнашаклон ‒ Gruiformes Оилаи
Дуғдоғҳо ‒ Otididae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
То миёнаҳои асри ХХ дар водии дарёи Панҷ (атрофи Чубека) лона мегузошт. Дар давраи зимистонгузаронӣ дар водии дарёҳои Вахш, Сир, Зарафшон Кофарниҳон, инчунин дар водиҳои Ёвон ва Ҳисор вомехўрад.
Муҳити сукунат Дуғдоғ – сокини ҷойҳои кушод аст. Дар Тоҷикистон дар мавзеъҳои дашту биёбон, нимбиёбон, баъзан дар заминҳои кишти зироатҳои хўшадор вомехўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё