Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зоеъ шудани рӯҳ ба сабаби ҳал шудан ва зоеъ шудани хун ба сабаби кафидан аст ва андар ин хатари азим бувад.

  • [Манфиати] севвум ин ки агар андоме эҳтиёҷ ба он дошта бошад, ки ҳар як аз рондану кашидан андар он бояд ба воситаи ҳаракати сахт сурат бигирад, барои ҳар кадоми он бояд бидуни омезиш афзори ҷудогонае бошад.
    Мисоли ин меъда ва рӯдаҳост.
  • Чаҳорум ин ки агар хоста шавад, то ҳар табақае аз табақаҳои андом барои як феъли хоссе бошад ва ҳар як аз ду феъл аз мизоҷи ба якдигар мухолиф падид меомада бошанд, андар ин ҳол аз ҳам ҷудо кардани онҳо савобтар аст.
    Масалан, меъда: агар хоста шавад, ки он дорои ҳис бошад, ин ба тавассути андоми асабӣ сурат бигирад ва агар [хоста шавад], ки он дорои гувориш бошад, ин ба тавассути андоми гӯштӣ ба амал ояд. Бинобар ин, барои ҳар яке аз ду кор як табақа махсус гаштааст – барои ҳис табақаи асабӣ ва барои гувориш табақаи гӯштӣ. Табақаи дарунӣ асабӣ ва берунӣ гӯштӣ гардонида шудаанд, зеро гуворандаро равост, ки ба чизи гуворидашаванда бо қувва тамос бигирад, на бо мулоқоти [бевосита], вале ҳискунанда раво нест, ки бевосита ҳисшавандаро мулоқот накунад.
    Муроди ман ҳисси басованда аст.

Низ гӯям: Бархе аз андомҳо, чун гӯшт, андомҳоеанд, ки андар мизоҷ ба хун наздикӣ доранд ва хун андар ғизо додани онҳо ниёзманди он нест, ки ба дигаргунсозиҳои бисёре гирифтор ояд. Бинобар он андар гӯшт ковокиҳову тиҳигоҳҳое ба амал оварда нашудааст, то ки ғизои расида андар онҳо муддате бимонад ва сипас гӯшт онро ғизои худ кунад.
Балки ғизо баробари дучор омадан ба гӯшт табдил ёбад.
Бархе аз андомҳо андомҳоеанд, ки андар мизоҷ ба хун наздикӣ надоранд. Андар ин ҳол хун пеш аз табдил шудан ба он якчанд дигаргуниҳоро аз сар гузаронида, тадриҷан ҳамшакли гавҳари [андом] бигардад. Мисоли ин устухон аст. Ба ҳамин сабаб андар сиришт барои устухон ё як тиҳигоҳ сохта шудааст, ки ғизоро то ҳангоми ба хеш ҳамҷинс гаштан андар хеш нигоҳ дорад ва ин устухони соқ ва соид аст ва ё тиҳигоҳҳои гуногуне андар вай ҷой доранд, ки мисоли ин гуна [устухон] устухони зерманаҳ аст. (24) Андомҳое, ки ингунаанд, ниёзманди онанд, ки ба як бор ғизоро беш аз эҳтиёҷ қабул кунанд, то он ба тадриҷ ҳамҷинси онҳо бигардад. Андомҳои қавӣ фазлаҳои худро чун рондани дил ба зери бағалҳо, мағз ба паси гӯшҳо ва ҷигар ба ду пайғулаи рон, ба сӯи андомҳои камқуввати ҳамҷавори худ биронанд.

Ҷумлаи нахустин
АНДАР БАЁНИ УСТУХОНҲО,
ки аз сӣ фасл иборат аст

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар
баёни устухонҳо ва пайвандгоҳҳо

Мо гӯем: Қиёси қисме аз устухонҳо нисбат ба тан чун қиёси пойдевор буда, бинои тан бар он ниҳодааст. Масалан, сутунмуҳра. Ба ростӣ, он пойдевори тан буда, бинои тан бар вай чун бинои киштӣ бар чӯбе ниҳодаанд, ки нахуст онро андар миёни киштӣ насб кунанд ва сипас дигар чӯбҳоро бар вай бибанданд. Қиёси бархе дигар бар тан чун қиёси сипар ва нигоҳдоранда аст. Масалан, нармаи сар ҳамин гуна бувад. Қиёси қисме аз онҳо чун қиёси силоҳ аст, ки бо он чизҳои садмазананда ва озордиҳанда рад карда шаванд. Мисоли он устухонест, ки «дандонаҳо» ном дошта, онҳо чун хор бар муҳраҳои пушт рӯидаанд. Қисме аз онҳо устухонҳоеанд, ки тиҳигиҳои пайвандгоҳҳоро пур кунанд. Мисоли он устухонҳои симсимониест, ки миёни устухонҳои ангуштон ҷой доранд. Бархе аз онҳо ба ҷисмҳое вобастаанд, ки онҳо муҳтоҷи алоқа бошанд. Мисоли ин устухонест, ки ба ҳарфи лом[-и юнонӣ] (λ) монанд буда, аз барои мушакҳои ҳанҷара, забон ва ғайри онҳост.
[Умуман], маҷмӯи устухонҳо такягоҳ ва барпойдорандаи тан буванд. Он қисми устухонҳо, ки фақат барои такягоҳ будан ва муҳофизат мавриди эҳтиёҷ аст ва барои ҳаракат додани андомҳо ба онҳо ниёзе нест, оганда офарида шудаанд, ҳарчанд аз будани масом [19] ва шикофиҳо андар онҳо чора нест. Он бахш устухонҳо, ки аз барои ҳаракат бад-онҳо ниёзмандист, чунонанд, ки миқдори тиҳигии онҳо фарохтар буда, ин тиҳигӣ андар миён якто гардонда шудааст, то ҷирми онҳо ба истгоҳҳои парокандаи ғизо эҳтиёҷ пайдо карда, ковок нагардад. Балки ҷирми онҳо сахт буда, ғизои онҳо, ки мағз аст, андар миён ҷой гирифтааст. Бинобар ин, фоидаи фузунии тиҳигӣ ин аст, ки [устухон] сабуктар бошад, фоидаи ягона будани тиҳигӣ ин аст, ки ҷирми вай сахттар бошад ва фоидаи сахтияш ин аст, ки ҳангоми ҳаракатҳои сахт шикаста нагарардад. Фоидаи будани мағз андар вай, чунон ки пеш шарҳ додем, барои он аст, ки устухонро ғизо бидиҳад, вайро ҳамеша тар нигоҳ дорад, то бо хушкии аз ҳаракат падидоянда аз ҳам нарезад ва барои он аст, ки устухони дарунтиҳии пурмонанд бошад, Агар эҳтиёҷ ба нигоҳдорӣ бештар бошад, тиҳигӣ тангтар аст ва агар ба сабукӣ бештар бошад, тиҳигӣ фарохтар бувад.
Устухонҳои мушошӣ аз барои кори ғизорасонии мазкур ва эҳтиёҷи изофии дигаре ҳамин гуна офарида шудаанд ва ин [эҳтиёҷ] ба сабаби чизест, ки боистӣ андар онҳо нуфуз кунад, чунончи бӯйҳои ҳамроҳи ҳаво кашидашуда ва ё масалан, фазлаҳои рондашудаи мағз андар устухони полоянда [нуфуз кунанд].
Ҳамаи устухонҳо ҳамҷавор ва ба якдигар дучорояндаанд. Миёни ягон устухон ва устухонҳои дигаре, ки аз паси вай меоянд, масофаи зиёде нест, балки ҳарчанд миёни баъзеи онҳо фосилаи андаке ҳаст, вале онро фузуниҳои куркуракӣ ва ё нимкуркуракие пур кардаанд, ки онҳо аз барои манфиати куркуракро буда офарида шудаанд. Ҳар ҷо риояи ин манфиат воҷиб нест, пайвандгоҳи миёни онҳо, чун зерманаҳ, бидуни ин фузуниҳо офарида шудааст.
Ҳамҷавориҳое, ки миёни устухонҳост, бар чанд синф бошанд: порае аз онҳо чун муҷовирати бандкушои осонҳаракат, порае чун муҷовирати бандкушои душворҳаракати ғай ри устувор ва порае аз онҳо чун муҷовирати бандкушои устувори андарҳам хаста, ё дарҳам дӯхта ва ё баҳамчаспида миёни худ муҷовират кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ