Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бандкушои осонҳаракат бандкушоест, ки мисли бандкушои миёни хурдаи дасту соид яке аз ду устухони вай аз ғайри ҳаракат кардани устухони дигар ба осонӣ ҳаракат кунад.
Бандкушои душворҳаракати ғайри устувор бандкушоест, ки ҳаракати яке аз ду устухон ба танҳоӣ душвор ва суст бошад. Масалан, бандкушои миёни хурдаи даст ва панҷа ва ё бандкушои миёни ду устухон аз устухонҳои панҷа [ҳамин тавранд].
Бандкушои устувор онест, ки мисли бандкушоҳои устухонҳои қафаси сина ҳеҷ як аз ду устухони вай ба танҳоӣ, албатта, ҳаракат накунад.
Бандкушои андарҳам хаста онест, ки яке аз ду устухон барҷастагӣ дошта, дуввумӣ мағокӣ дорад ва он барҷастагӣ андар ин мағокӣ ба таври беҳаракат устувор бошад. Мисоли ин дандонҳост, ки андар растагоҳҳои хеш [устуворанд].
Бандкушои андарҳам дӯхта онест, ки ҳар як аз ду устухон чун арра дорои хамчаҳову дандонаҳост ва дандонаҳои як устухон андар хамчаҳои (25) устухони дигар чунон ҷой гирифтаанд, ки гӯӣ мисгарон тахтаҳои мисро ба ҳам пайваста бошанд. Ин пайвандро «шаън» ва «дарз» номанд. Чунонки пайвандгоҳҳои устухонҳои косаи сар ҳамин тавранд.
Бандкушои баҳам часпида бошад, қисме аз он, чун бандкушои миёни ду устухони соид, ба дарозо часпонда шудаанд ва қисми дигари он, чун бандкушои муҳраҳои фурӯсӯвини сутунмуҳраи пушт бар паҳно часпонда шудаанд.
Аммо муҳраҳои барсӯвин бошанд, андар миёни онҳо бандкушоҳои ноустувор ҷой доранд.
Фасли дуввум андар баёни ташреҳи оҳиёна ва манфиати он

Манфиати тамоми устухони оҳиёна ин аст, ки вай ҳамчун сипар мағзро пӯшида, онро аз офатҳо нигоҳ дорад. Аммо манфиати офаридани оҳиёна аз порчаҳо ва устухонҳои бисёри беш аз як бар ду бахш аст:
Як бахш эътибор бар умуре дорад, ки ба худи устухон вобастааст ва бахши дигар эътибор бар умуре дорад, ки ба чизи андаруни косаи сар буда вобаста бошад. Бахши якум аз ду манфиат иборат аст: якум ин ки агар иттифоқан андар як пораи косаи сар осебе аз қабили шикастан ва ё пӯсидан ориз бигардад, воҷиб намеояд, ки ин осеб тамоми косаи сарро фаро бигирад. Чунончи, агар вай аз як устухон иборат мебуд, [ба ин гуна ҳол гирифтор мешуд]; дуввум ин ки андар як устухон ҳолатҳои гуногуни пораҳо [аз қабили] сахтию нармӣ, ковокию рехтагӣ ва тунукию ситабрӣ ба гунае намебуд, ки маънои ба наздикӣ баёнёбанда онро тақозо дорад.
Бахши дуввум манфиатест, ки бо дарзҳо тамомият ёбад.
Бархе аз ин [манфиат] ба худи мағз вобастагӣ дорад. Ба ин тариқ ки дарзҳо барои бахши ситабри бухорҳое, ки ба сабаби ситабрии худи устухон аз он нуфуз кардан натавонад, роҳи баромад буда, бо ҳамин мағз ба воситаи ҳалшавӣ пок бигардад. Манфиати дигар андар қиёс ба он лифҳои асабии аз мағз баромадаест, ки андар андомҳои сар бирӯянд, то ки барои онҳо роҳе бошад.
Ду манфиати [дигареанд], ки миёни мағз ва ду чизи дигар муштараканд: як манфиат андар қиёс ба рагҳову шараёнҳои ба андаруни сар равандааст, ки саранҷом роҳе барои онҳо бошад ва манфиати дигар андар қиёс ба пардаи ғафсу гаронест, ки ҷузъҳое аз он ба дарзҳо часпидаанд ва бо ҳамин [парда] аз мағз ҷудо истода, ба вай гаронӣ намеоварад.
Шакли табиии ин устухон ба сабаби ду амр ва ду манфиат гирд аст. Яке андар қиёс ба андарун буда, чунин аст, ки масоҳати шакли гирд нисбат ба чизи иҳоташуда аз масоҳати шаклҳои ростхаттаи ба андоза баробар бештар бувад. Манфиати дигар андар қиёс ба берун буда, чунин аст, ки шакли гирд аз зарбаҳо на он тавре мутаассир шавад, ки шаклҳои дорои кунҷ мутаассир шаванд. Оҳиёна баробари гирд будан барои он дарозрӯя офарида шудааст, ки растагоҳҳои асабҳои мағзӣ ба дарозо вазъ шудаанд ва ин барои он воҷиб аст, ки то онҳо фишурда нагарданд. [Сарро] ду барҷастагист – яке ба пеш ва дигарӣ ба сӯи пас, то ки асабҳои аз ду тараф фурояндаро ҳимоят кунанд.
Ин гуна шакл дорои се дарзи ростинӣ ва ду дарзи дурӯғин аст. Аз бахши якум як дарз бо пешонӣ муштарак буда, камоншакл ва ба намуди зерин аст: (Аломат) ва «тоҷӣ» ном дорад; як дарз сарро ба дарозо ду ним карда, рост бошад ва худи он ба танҳоӣ «тирӣ» ном дорад. Агар вай аз ҷиҳати пайвастагӣ бо [дарзи] тоҷӣ ба эътибор гирифта шавад, он гоҳ вайро «сихӣ» номанд ва шаклаш чун шакли камонест,
ки андар миёни он хатти ростеро мисли амуд устувор карда бошанд. Шакли он чунин аст: (Аломат). Дарзи севвум миёни сар аз пас ва миёни курсии он муштарак аст. Вай ба шакли кунҷ буда, сари он ба як тарафи [дарзи] «тирӣ» пайвастааст ва «дарзи ломӣ» ном дорад, зеро ба ҳарфи ломи юнонӣ монанд буда, [шаклаш] чунин аст: >. Ин дарз агар бо ду дарзи пешгузашта пайваст гардад, шакли он чунин бошад:
(Аломат).
Аммо ду дарзи дурӯғин бошанд, аз ду тарафи сар ба дарозо мувозӣ бо дарзи тирӣ гирифта шудаанд. Онҳо андар устухон пурра фурӯ намераванд ва аз баҳри он (26) инҳоро «қишрӣ» гӯянд. Агар онҳо бо се дарзи ростинии аввала пайваст гарданд, шаклашон чунин бошад: (Аломат).
Ин буд шакли табиии сар, ки дарзҳояш пурра бошанд.
Шаклҳои ғайритабиии сар сетоанд: яке ин ки барҷастагии пеш ноқис буда, [20] бинобар он аз дарзҳо варо дарзи тоҷӣ нахоҳад буд. Дуввумаш ин ки барҷастагии пас ноқис буда, бад-он сабаб аз дарзҳо дарзи ломиро нахоҳад дошт.
Севвумаш ин ки ҳар ду барҷастагӣ набошанд ва сар чун гӯй ба паҳнову дарозо баробар бошад.
Бартарини пизишкон Ҷолинус гуфтааст: «Азбаски андар ин шакл масофаҳо баробаранд, аз рӯи адолат бояд тақсими дарзҳо низ баробар бошад. Андар шакли аввалӣ қисмати дарзҳо чунин буд: дарозиро як дарз ва паҳноиро ду дарз.
Акнун дарозиро як дарз ва паҳноиро низ як дарз аст. Инчунин бояд дарзи бар паҳноӣ буда андар васати паҳноие бошад, ки аз як гӯш то ба гӯши дигар аст, чунонки дарзи ба дарозо буда андар васати дарозист».
Ин фозил – Ҷолинус гуфтааст: «Сарро мумкин нест шакли чаҳоруми ғайритабиие бошад, ки то дарозӣ назар ба паҳноӣ бидуни як миқдор коҳиш аз батни мағз ва ё аз ҷирми он кӯтоҳтар бошад. Ин монеае барои ҳаёт хоҳад буд, ки дурустии таркибро боз дорад». Ин гуфтаи пешвои пизишкон Буқротро тасдиқ бинамояд, ки ӯ шаклҳои сарро фақат аз чаҳор шакл иборат донистааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ