Қонуни тиб

Фасли севвум андар ташреҳи он чи ки фурӯсӯтар аз оҳиёна бувад
Сарро баъди ин панҷ устухони [дигар] аст, ки чаҳортои он чун деворҳо ва яктои он чун курсӣ буванд. Ин деворҳо назар ба тарки сар (ёфух) сахттар сохта шудаанд, зеро афтодану захм хӯрданҳо аксар вақт бар онҳо биафтанд ва [аз тарафи дигар] ҳоҷат ба ковокии оҳиёна ва тарки сар ба ду сабаб зарурат дорад: якум барои он ки бухори ҳалшаванда аз он нуфуз карда тавонад ва дуввум барои он ки то барои мағз гаронӣ наоварад. Девори пас аз ҳама сахттар аст, чунки вай аз нигаҳбонии ҳисҳо бебаҳра бувад.
Девори якум устухони пешонист. Марзи болоии он дарзи тоҷист ва марзи поёниаш дарзест, ки аз гӯшаи дарзи тоҷӣ тӯл кашида, аз болои чашм аз назди абрӯ бигузарад ва охираш ба гӯшаи дигари дарзи тоҷӣ бипайвандад.
Ду девори росту чап ду устухонеанд, ки андар онҳо ду гӯш ҷойгиранд ва ба иллати сахт буданашон онҳоро «санг»
ном ниҳодаанд. Марзи болоии ҳар кадоми инҳо дарзи қишрӣ буда, марзи поёниашон дарзест, ки аз як сӯи дарзи ломӣ оғоз шуда, то ба дарзи тоҷӣ рафта, поён ёбад. Аз пеш ҷузъе аз дарзи тоҷӣ ва аз пас як ҷузъ аз дарзи ломӣ [марзи онҳост].
Девори чаҳорумро бошд, марзи болоияш дарзи ломӣ ва марзи поёниаш дарзест, ки миёни сар ва [устухони] мехӣ муштарак буда, ду гӯшаи дарзи ломиро бипайвандад.
Пойгоҳи мағз устухонест, ки дигар устухонҳоро бар худ бибардорад ва онро «[устухони] ватадӣ» номанд. Ин аз барои ду манфиат сахт офарида шудааст: якум ин ки сахтӣ барои бардоштани [бор] ёрӣ расонад; дуввум ин ки чизи сахт аз фазлаҳо зуд пӯсида нагардад ва ин устухон андар зери фазлаҳое вазъ шудааст, ки ҳамеша бар вай бирезанд. Бинобар он барои сахт будани он ғамхорӣ ба харҷ дода шудааст.
Андар ҳар як аз ду тарафи гиҷгоҳӣ ду устухони сахтест, ки асабҳои андар гиҷгоҳӣ равандаро бипӯшонанд ва вазъи онҳо ба дарозои гиҷгоҳӣ ва вуреб аст. Номи инҳо «ҷуфт»
бошад.
Фасли чаҳорум андар ташреҳи устухонҳои ҳар ду манаҳ ва бинӣ
Шумораи устухонҳои манаҳи забарин ва гиҷгоҳӣ ҳангоми шумораи дарзҳои манаҳи забаринро баён намуданамон маълум хоҳад шуд. Пас, мо гӯем: Ҳадди манаҳи забарин аз боло дарзест, ки миёни он ва пешонӣ муштарак буда, аз зери абрӯвон бигузарад ва аз як гиҷгоҳӣ ба гиҷгоҳии дигар бипайвандад, аз поён растагоҳҳои дандонҳост ва аз ду бар дарзест, ки аз баногӯш ояд ва андар миёни [манаҳ] ва устухони ватадие, ки андар паси дандонҳои курсист, муштарак бошад. Баъд, тарафи дигар мунтаҳои [манаҳи болоист]. Яъне гуфтаниям, ки он бори дуввум каме ба сӯи андарун бигарояд. Он гоҳ дарзе падид ояд, ки инро аз дарзи баъд зикршаванда ҷудо созад. Яъне вай дарзест, ки қисмати болоии комро ба дарозо бибурад. Ин буд марзҳои [манаҳи забарин].
(27) Аммо он дарзҳое, ки андар ҳадҳои вай дохиланд, яке бахши забарини комро ба дарозо бурида бигузарад, дарзи дигар аз миёни ду абрӯ оғоз ёфта, то ба маҳалле фуруд ояд, ки андар баробари маҳалли миёни ду дандони пеш аст; як дарз аз маҳалли саршавии ҳамин дарз оғоз ёфта, аз назди он поин фурояд ва аз бари рост ба сӯи маҳалле бигарояд, ки ба ростои маҳалли миёни дандонҳои рубоӣ ва неш бувад; ва як дарзи дигар ҳамин гуна аз бари чап қарор дорад. Хулоса, миёни дарзҳои сегона – яке васатӣ ва ду паҳлуӣ ва [миёни] маҳалли ба ростои растагоҳҳои дандонҳои мазкур буда, ду устухони секунҷашакл ба намуди зерин ҷойгир шудаанд: (Аломат), лекин пойгоҳи ин ду секунҷа ба наздики растагоҳҳои дандонҳо нест, балки пеш аз он дарзи буррандае аз паҳно ҷой дорад, ки ба буни ду сӯрохии бинӣ наздик аст, зеро дарзҳои сегона аз ин дарзи бурранда гузашта, ба ҷойҳои ёдшуда рафта бирасанд ва андар фурӯсӯтари ду секунҷа ду устухоне падид оянд, ки ҳар дуро пойгоҳҳои ду секунҷа, растагоҳҳои дандонҳо ва ду бахш аз ду дарзи паҳлуӣ иҳота кардаанд.
Ин ду устухонро аз якдигар он чизе ҷудо кунад, ки аз дарзи миёнгин фуруд омадааст. Аз ин ҷо, ҳар як устухонро ба наздики ин дарзи аз ҳам ҷудокунанда ду кунҷи рост, ба наздики ду неш як кунҷи тез ва ба наздикии ҳар ду сӯрохиҳои бинӣ як кунҷи кушод аст.
Аз ҷумлаи дарзҳои манаҳи барсӯвин як дарзест, ки аз дарзи муштараки барсӯвин оғоз ёфта, ба ноҳияи чашм фуруд ояд ва ҳамин ки ба чашмхона расид, се шоха бигардад:
як шоха аз зери дарзи бо пешонӣ муштарак ва аз забари хонаи чашм гузашта, ба абрӯ рафта бирасад; дарзи дигаре фурӯтар аз он бидуни ба чашмхона андаромадан бад-он ҷой рафта бирасад; дарзи севвум низ баъд аз он ки ба чашмхона андарояд, бад-он ҷой бирасад. Ҳар дарз аз инҳо нисбат ба дарзе, ки ба зери абрӯст, ҳар қадар поинтар бошад, аз мавзее, ки дарзи барсӯвин ба он тамос дорад, ҳамон андоза дуртар биафтад. Лекин устухоне, ки дарзи якум онро ҷудо кардааст, бузургтарини ҳар се [устухон] аст ва баъдаш устухонест, ки дарзи дуввум онро ҷудо кардааст.
Аммо бинӣ бошад, манфиатҳои он зоҳир аст ва он се гуна бошад. Яке аз онҳо ин аст, ки бинӣ ба воситаи тиҳигии доштаи худ андар кори нафаскашӣ ёрӣ диҳад. Ҳаво андар вай ҳар чи бештар гирд ояд ва низ пеш аз гузаштан ба димоғ муътадил бигардад. Ба ростӣ, ҳавои кашидашуда ҳарчанд бештар ба сӯи шуш биравад, вале бахше аз он ба андозаи лозимӣ низ ба сӯи мағз нуфуз кунад.
Инчунин барои нафаскашие, ки ба мақсади бӯидан аст, [бинӣ] ҳавои дурустро андар як мавзеъ, ба наздики афзори бӯёӣ ҷамъ созад, то ки ҳар чи бештар ва мувофиқтар дарёфта шавад. Ин се манфиат андар як манфиат дохиланд.
Манфиати дуввум ин аст, ки вай андар тақтеъи ҳарфҳо ва ба осонӣ канда-канда талаффуз кардани онҳо ёрӣ бирасонад, то ки ҳамаи ҳаво андар ҷойгоҳе, ки ба миқдори муайяни [ҳаво] тақтеъи ҳарфҳо карда шавад, якбора рӯиҳам нашавад. Ин ду манфиат андар як манфиат гирд омадааст.
[21] Назири он амале, ки бинӣ андар муайян намудани миқдори ҳавои ҳарфҳо иҷро кунад, он корест, ки сӯрохии ба сӯи пас кушодашавандаи най ба амал оварад ва [ҳаво] андар вай роҳбанд назанад.
Манфиати севвум он аст, ки фазлаҳои аз сар рондашударо аз дидаҳои [мардум] бипӯшонад ва паноҳ дорад ва низ афзоре бошад, ки барои рондани онҳо аз роҳи нафасбарорӣ ёрӣ бирасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё