Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Худи табақаи ангурмонанд ҳар гоҳ бихушкад ва чун аз ҳам кашида шудани пӯсти шикофта ҳангоми хушкидан ба атроф кашида шавад, хусусан агар аз рутубатҳо ба танг омада бошад, ӯро фарох шудан ориз бигардад. [Интишори табақаи ангурмонанд] гоҳе аз сабаби рутубате ориз гардад, ки андар гавҳари он даромада, сахтии онро афзоиш бидиҳад ва онро ба ситабрӣ аз ҳам бикашад. Бар асари ин шикофтагиро фарох шудан ориз бигардад.
Гоҳе ин ба сабаби омоси азҳамкашандае падид ояд, ки андар [табақаи ангурмонанд] рӯй дода бошад. Мумкин аст фарохии чашм табиӣ бошад ва бинишро зиён оварад, зеро чашм чизҳоро хурдтар аз миқдоре бибинад, ки мебояд дид. Гоҳе [фарохӣ] мумкин аст аразӣ бошад ва низ ҳамчунин [зиён оварад]. Гоҳе ба андозае бирасад, ки ҳеҷ чизро набинад, зеро бисёр вақт чашм фарох шуда, ба андозаи фарохии иклил бирасад ва аз биноӣ чизе қобили мулоҳаза боқӣ намонад. Он фарохиеро, ки аз баҳам задан ва ё кӯфтан падид ояд, ҳеҷ илоҷе нест219.
Нишонаҳо: Мо нишонаҳои онро андар боби нотавонии нерӯи биниш ёд кардем.
Илоҷ: Он қисм аз [интишоре], ки табиист, илоҷ надорад. Он бахшеро, ки аз хушкист, тарӣ афзудани чашм бо ёрии доруҳои тарифизои ёдшуда суд бахшад. Он қисм аз [интишореро], ки аз рутубат хезад ва агар андар тан хун зиёд бошад, раг задан судманд аст. Инчунин кушодани раги гӯшаи дарунии чашм, ки боиси истифроғи маҳалли [беморӣ] гардад, нофеъ бошад. Задани рагҳои гижгоҳӣ ва буридани онҳо, ба амал овардани истифроғҳое, ки медонӣ ва бар сар рехтани оби шӯр ва намакоб, хусусан агар бо сирко омехта бошанд, низ [муфид аст]. Вале аз тариқи доруҳои исҳол истифроғи бисёр набояд кард, зеро ин қувватро заиф кунад ва чизи мехостагӣ берун наояд. Балки ҳангоми [интишор] ҳар даҳ рӯз як бор бо як ва ё яку ним дирам ҳабби қуқиё истифроғ намудан ва хӯрдани оби нахӯд бо равғани кунҷид кифоят бошад. Чашми дигариро тӯтиё кашанд, то ки мисли якумӣ фарох нагардад.
Бояд сурмаҳоеро ба кор бурд, ки андар боби хаёлҳо ва фуруд омадани об ёд карда шуданд. Аз барои [интишор] бар паси сар миҳҷама гузоштан суд бахшад, зеро ин боиси кашидани [моддаҳо] ба сӯи пас бигардад. Ҳангоми муолаҷаи [интишоре], ки аз паси кӯфт хӯрдан ба амал ояд, бояд ба такаллуф раг зад, сипас сарро ҳиҷомат кард, баъд аз он доруҳои сардиоварандаро ба кор бурд ва орди боқилии пӯстноканда ва ё орди ҷавро бо оби барги бед ва ё бо оби коснӣ тар карда, зимод кард [ва ё] пашминаеро андар зардии хояи бо равғани гул ва андаке шароб шикасташуда тар карда, [ниҳод]. Андар чашм хуни харкафтару мурғчӯҷа бичаконанд ва рӯзи севвум андар он шир чаконида, сурмаҳои қавитареро ба кор баранд. Умуман, бештари муолаҷаи ин [намуди интишор] аз ҷинси муолаҷаи омоси гарм аст. Баъд аз он шиёферо ба кор бибаранд, ки аз як бахш кундур, як бахш заъфарон, як бахш мурр ва ним бахш зирних сохтаанд. Як доруи аз барои мидриёсис,220 яъне фарохшавӣ, судманд бад-ин сифат аст: ду мисқолӣ аз заҳраи бузғола ва заҳраи куланг, як дирам заъфарон, яксаду ҳафтод дона

мурч, панҷ мисқолу ду сеяки як мисқол рубби ширинбаён, (145) ду мисқол уша ва ба андозаи ҳоҷат ангубин гирифта, сурма созанд ва онҳоро бо оби бодиён совида, бо ангубин сиришта кунанд. Барои [интишоре], ки аз кӯфтан падид омада бошад, ним мисқол [аз ин дору] гирифта, онро бо фишурдаи турб то хушк шудан бисованд ва сипас хушк ба кор баранд. Инчунин, як мисқол заҳраи нарбуз, якуним мисқол саргини хушки сусмор ва ё варал, як мисқол натрун, ду мисқолӣ мурч ва заҳраи куланг, як мисқол заъфарон, ним мисқол уша ва як мисқол харбақи сафедро гирифта, низ бо оби бодиён бисованд ва бо ангубин сиришта кунанд221.
Фасли ҳафтум андар баёни тангии [шикофтагии табақаи ангурмонанд]

Ин чунин бошад, ки шикофтагии табақаи ангурмонанди чашм беш аз ҳолати муқаррарӣ танг бигардад. Агар табиӣ бошад, сутуда аст, вале агар аз беморӣ бошад, бадтар аз интишор хоҳад буд. Гоҳе ин ба ҳадде бирасад, ки [шикофтагӣ] баста гардад. Сабаби ин: ё хушкии табақаи шохгун буда, онро битурунҷонад ва бар асари он шикофтагӣ андар хеш кашида шуда, тангӣ ва судда ба амал ояд; ё ин ки рутубате бошад, ки табақаи шохгунро аз атроф ба миёнҷо бикашад ва дар натиҷа шикофтагӣ танг шудан гирад, чунонки ғирбол ҳар гоҳ тар шуда, суст бигардад ва гӯшаҳояш азҳамкашида шаванд, чунин бошад; ва ё [сабаб] хушкии сахти рутубати сафедигун бувад, ки бар асари он бикоҳад ва андар ин кор табақа ба вай ёварӣ карда, рӯ ба пажмурда шудану фароҳам омадане ниҳад, ки мухолифи ҳолати барҷастагист. Бештари тангие, ки ориз бигардад, аз хушкӣ ориз бигардад.222 Нишонаҳо: Онҳоро мо андар боби нотавонии чашм ёд кардем.
Муолаҷаҳо: Аммо навъи хушки онро бо он доруҳои рутубатфизое муолаҷа кунанд, ки чунонки медонӣ, аз ҷумлаи доруҳои чакониданӣ, доруҳои андар бинӣ афкандашаванда ва пухтаковҳои аз қабили фишурдаҳои тар ва ғайра буда мебошанд. Ғизо бояд нарм ва равғанӣ бошад. Гоҳ-гоҳе аз истеъмоли чизе чора нест, ки дорои як андоза гармист, аз баҳри он ки то моддаи тарро ба сӯи чашм бикашад.
Бояд ба таври пайдарпай ва ба муддати кӯтоҳ ба молиши сар, рӯй ва чашм пардохт. Ҳамаи ин аз барои кашидани [модда] бувад. Дар ҳақиқат ба кор бурдани доруҳои тариоварандаи холис мумкин аст зиён ҳам оварад. Ҳар гоҳ сурмаҳои [модда]кашандаро ба кор барӣ, дубора доруҳои тарифизоро [низ] ба кор бибар.
Аммо бахши тари [тангшавиро] бо сурмаҳои маъруфе муолаҷа кунанд, ки андар боби нотавонии биниш, фуруд омадани об [75] ва хаёлот ёд шудаанд. Аз ҷумла шиёфест, ки нусхааш ба гунаи зерин бувад: як бахшӣ аз зангор ва уша, як бахшу сеяк заъфарон, панҷ бахш сабр ва ним бахш мушкро гирифта, аз онҳо шиёф бисозанд. Инчунин ду мисқол уша, чаҳор мисқол зангор, се мисқол саргини варал, ду мисқол заъфарон ва як мисқол самғро гирифта, бо ангубин бисириштанд ва ба кор баранд. Дигар: Ду ҷузъӣ аз мурч ва уша, нуҳ ҷузъ равғани баласон ва як бахш заъфарон бигиранд ва ушаро андар оби бодиён ҳал кунанд, бар он равғани баласон бирезанд ва бо ангубин сиришта, ба кор баранд, сахт судманд бошад223.

пешина
аз 1215
навбатӣ