Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли ҳаштум андар баёни фурУд омадани об

Фурӯд омадани об бемории суддавист ва он рутубати бегонае бошад, ки андар шикофтагии табақаи ангурмонанд миёни рутубати сафедигун ва табақаи шохгун биафтад ва шабаҳҳоро ба сӯи чашм гузаштан намонад.
Вай мумкин аст ҳам ба камият ва ҳам ба кайфият гуногун бошад. Гуногунии ӯ ба камият бад-ин гуна бувад, ки гоҳе мумкин аст ҳаҷман нисбат ба шикофтагӣ зиёд буда, ҳамаи онро бипӯшонад ва чашм чизеро дидан натавонад ва гоҳе мумкин аст андар қиёс ба шикофтагӣ кам буда, як сӯи онро бипӯшонад ва як сӯи дигараш кушода монад (146) ва саранҷом чашм чизҳои диданиеро, ки андар баробари гӯшаи пӯшида шудаанд, набинад ва он чиро, ки баробари гӯшаи кушода аст, дарёбад. Гоҳе мумкин аст [нерӯи] биниш як ним ва ё як бахши як чизро бинаду боқиро ҷуз ба ҳаракат додани ҳадақа дидан натавонад.
Гоҳе мумкин аст як чизро як бор пурра бинад ва бори дигар пурра набинад. Ин ба мавзеи он чиз вобаста аст, зеро агар он ба пуррагӣ андар баробари бахши пӯшидаи [шикофтагӣ] биафтад, биноӣ чизе аз онро дарёфтан натавонад ва агар ба пуррагӣ андар баробари бахши кушодаи [шикофтагӣ] биафтад, биноӣ ҳамаи онро андарёбад. Ин суддаи ноқис гоҳе андар гӯшаи барсӯвин, гоҳе андар гӯшаи фурӯсӯвин ва гоҳе андар ҳар ду гӯшаҳои барсӯвину фурӯсӯвин биафтад. Гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки он андар миёнҷои шикофтагӣ ҷой гирад ва гирдогирди он кушода бошад. Андар ин ҳол аз ҳар чизе тарафҳояш бинамояд, вале миёнаашро дидан нашавад, балки андар миёни он чизи мисли равзан ва ё мағокие дида шавад. Яъне чашм, азбаски онро намебинад, торикӣ хаёл ҳамекунад.
Аммо ба кайфият гуногун будани об бад-ин гуна аст:
гоҳе аз ҷиҳати қивом гуногун буда, баъзан тунуки соф бошад ва равшанию офтобро пӯшидан натавонад ва баъзан сахт ситабр бувад. Гоҳе аз ҷиҳати ранг гуногун буда, баъзан ҳавоигун, баъзан сафеди гаҷгун, баъзан сафеди марворидгун, баъзан сафеди моил ба кабудӣ, фирӯзагунӣ ва заргунӣ, баъзан зард, баъзан сиёҳ ва баъзан хокиранг бувад. Аз ҷиҳати ранг беш аз ҳама қобили муолаҷа ҳавоигун, сафеди марворидӣ ва онест, ки каме ба кабудӣ ва ё фирӯзагӣ бигарояд. Аммо рангҳои гаҷӣ, сабз, тира, ниҳоят сиёҳ ва зард қобили об кушодан нестанд.
Як намуд аз намудҳои ситабри об гоҳе ба андозае сахт шавад, ки аз табиати обӣ берун ояд ва онро ҳеҷ илоҷе нест. Аз ҷиҳати қивом аз ҳама беш пазирои муолаҷа оби тунукест, ки агар андар сояи равшан онро тааммул намуда, бо ангушт фишораш бидиҳӣ, ӯро чунин дарёбӣ, ки зуд парешон шавад ва сипас боз омада, фароҳам гардад. Ин намуди обро аз тариқи кушодан умеди бартарафшавист. Вале дер давом ёфтани ин санҷиш обро ошуфта намуда, кушоданро душвор бигардонад. Гоҳе инро аз тариқи дигар бисанҷанд, яъне бар фарози чашм порае аз пунбаро гузошта, андар он сахт бидаманд, сипас зуд хам шуда нигаранд, ки оё андар об ҷунбише ҳаст, ё не. Агар ҷунбиш бибинанд, пас ин пазирои кушоиш бувад. Ҳар

гоҳ пӯшидани як чашм муҷиби фарох шудани [шикофтагии] дигарӣ бигардад, низ чунин кунанд. Обе, ки баъд аз афтидан ва ё баъд аз падид омадани бемории мағз ба амал ояд, ба душворӣ шифо ёбад.
Нишонаҳо: Нишонаи аз об огоҳидиҳанда хаёлҳои ёдшудаест, ки на аз сабабҳои дигаре падид оянд ва мо ҳоли онҳоро андар боби хаёлот шарҳ додем ва гуфтем, ки ҳамроҳи онҳо тирагии ҳиссшавандае хусусан андар як чашм ҷой дошта, чизҳои нурафкан аз қабили чароғ дучанд хоҳанд намуд. Миёни об ва суддаи андарунӣ мумкин аст чунин тафовут бошад, ки агар яке аз ду чашм пӯшида шавад, дигарӣ ҳангоми об фарох бигардад ва ҳангоми судда не. Аз баҳри он ки сабаби ин фарохшавӣ сахт ронда шудани рӯҳи чашми пӯшидашуда ба сӯи чашми боз аст. Бинобар он агар аз паси судда падид омада бошад, рӯҳ [бадон сӯй] гузаштан натавонад. Ин андар бештари ҳолатҳо чунин аст, вале андар поёни кор ба шарте ки об ниҳоят ситабр набошад ва агарчи судда набошад ҳам, чашми дигарӣ васеъ хоҳад шуд. Ҳангоми интишор чизе аз ин гуна ҳолат рӯй надиҳад.
Илоҷ: Ман мардеро дидам соҳибмартаба ва хирадманд, ки ӯро об фуруд омада буд ва чун худро бо истифроғҳо, хештандорӣ ва кам хӯрдан муолаҷа намуд, аз шаробҳову ғизоҳои тарифизой парҳез карда, танҳо бо кабобу қаля кифоят кард ва сурмаҳои ҳалкунандаи латифиоваранда ба кор бурд, биноияш ба таври ростинӣ боз омад.
Дар ҳақиқат, агар фуруд омадани об ҳангоми оғоз ёфтан чорабинӣ карда шавад, ин чорабинӣ суд хоҳад бахшид. Вале ҳар гоҳ устувор шавад, ҷуз кушодан онро чора нест.
Бинобар ин, худованди он бояд аз пурии шикам, ошомидани [шароб] ва ҷимоъ дурӣ ҷуста, танҳо ба як бор ҳангоми нимрӯзӣ ғизо хӯрдан кифоят кунад. Бояд аз моҳӣ, меваҳо ва хусусан аз гӯштҳои ситабр парҳез кунад. Аммо қай овардан ҳарчанд аз ҷиҳати меъдаро пок сохтан суд дорад, вале бо хусусияти хеш ба об зиён биоварад.
Қонуни бо дору муолаҷа кардани инро андар боби хаёлот шиносондем, вале чизҳои санҷидашударо [андар ин ҷой] ёд кунем. Аз ҷумла: даҳ бахш донаи даҳмасти муқашшар ва як бахш самғро гирифта, ҳар дуро, агар аз барои об бошад, бо пешоби писари ба балоғат нарасида ва агар барои нотавонии нерӯи биниш бошад, бо оби холис бисованд (147) ва ба кор бибаранд. Атиюси224 Омидӣ гуфтааст: «Агар заҳраи афъиро бо ангубин сиришта, ба чашм бикашанд, ниҳоят хуб бошад». Ман бигӯям, ки мардумони муътабар чун заҳраи афъиро озмуданд, он, албатта, на чун заҳр кора кардааст ва ин санҷиш аз ҷумлаи чизҳоест, ки воҷибияти аз он рӯй гардонданро аз миён бибарад. Дигар доруи санҷидашудаи хуб ин аст, ки аз ҳар кадоми фишурдаи донаи мансуб ба ҷазираи Қанидис,225 камозариюс ва буссад як мисқолӣ гирифта, бо оби бодиён сиришта кунанд.
Аммо чора андешидан аз тариқи кушодани об бад-ин гуна аст, ки бояд пеш аз он тан ва хусусан сар пок карда шавад ва агар ҳоҷати раг задан бошад, раг бизананд. Сипас бояд дид, ки каси мавриди обкушоӣ қарор гирифта ба сардард гирифтор набошад, зеро бими он дорад, ки андар табақаҳои [чашм] омос падид хоҳад омад, мубтало ба сурфа, сахт безорикунанда ва зуд ба хашмоянда на бошад, зеро безорию хашм ҳама аз қабили чизҳоеанд, ки муҳаррики дубора бозгаштани [ин беморӣ] буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ