Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
- Бо ин гуноҳи ту шуста намешавад, ту ба марг маҳкум гардидӣ, бирав ба назди фарзандонат. Оё онҳо ҳамроҳи ту ба мурдан розианд? Агар онҳо туро танҳо гузоранд, пас аз се моҳ ҳатман ба ин ҷой бозгард, вагарна туро аз таги замин ҳам бошад, ёфта мекушам, - бо қаҳр гуфт махлуқи девсурат.
Ӯ намехост, ки фарзандонашро махлуқи девсурат ба қатл расонад. Аз ин рӯ, аз дил гузаронид, ки бо фарзандонаш хайрухуш карда, баъд аз се моҳ худ ҳатман ба назди девсурат бозгардад. Ин хаёлҳои ӯро боз наъраи гӯшкаркунандаи махлуқи девсурат пароканда сохт:
- Вақте хона расидӣ, ба ту як сандуқи тилло тӯҳфа мефиристам, - гуфт махлуқ.
Ин рафтори махлуқи девсурат ӯро дар ҳайрат гузошт: бераҳмии зиёд ва боз меҳрубонӣ. Савдогари раҳгумзада аз тарс роҳи хонаро пеш гирифт. Дар хона ӯро фарзандон мунтазир буданд. Савдогар ба духтари хурдиаш - Зебосанам гулро дода, аз барои ин гул воқеаи бар сараш омадаро нақл кард. Аз ин ҳодиса апаҳои Зебосанам ба шӯр омада, ба ӯ суханони носозо мегуфтанд:
-
Ба ҳамаи ин бадбахтӣ ту гунаҳгорӣ, ту гул хостиву падарам бар ин бало гирифтор шуд. Ту бояд бимирӣ, на падарам.
-
Ман падари меҳрубонамро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорам. Шумо бепарво бошед, ман худам ба назди махлуқи девсурат меравам, - бо ҷуръати хосса ҷавоб гардонид Зебосанам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё