Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Зебосанам бе ягон дудилагӣ ба издивоҷ розӣ шуд ва онҳо вориди кулба шуданд. Дар он ҷой онҳоро падару бародарони Зебосанам мунтазир буданд. Ана дар ҳамин маврид ба кулбаи онҳо парии накӯсиришт ворид шуд ва гуфт:
- Зебосанам, ту бо меҳнати ҳалол ва вафодорӣ ба хушбахтӣ сазоворӣ, вале апаҳои ту барои бадбиниву бадкорӣ лоиқи бадианд. То он рӯзе, ки онҳо бадкории худро дарк накунанд ва аз кардаашон пушаймон нашаванд, дар назди дари кулбаи шумо ба санг табдил дода мешаванд.
Бо ҳамин Зебосанам бо шоҳзодаи хушсурат, падари меҳрубон, бародарони бовафо то охири умр хушбахт боқӣ монд ва апаҳои бадкору бадкирдораш мувофиқи аъмоли худ ҷазо гирифтанд. 1
Хонандагони арҷманд, бидонед, ки дар дунё ҳар кори хуб мукофоти неке дораду ҳар кори бад ҷазои бад.
1 Лучшие волшебние сказки. — Ростов-на-Дону: «Проф-Пресс», 2008.-с.24-41.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё