Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ГУРБАИ ДОНО
(Афсонаи озарбойҷонӣ)
Буд набуд, дар замонҳои қадим савдогари сарватманде буд. Ин савдогари доро рӯзе аз рӯзҳо барои тиҷорат ба мулки дигаре роҳ пеш гирифт. Бо ин мақсад молу амволи гуногун харида, бо зану фарзандон хайрухуш кард ва ба сафар баромад. Ӯ аз кишваре ба кишвари дигар гузашта, оқибат ба он мамлакати мехостааш расид ва дар корвонсарой ҷой гирифт. Дар ин кишвар расм буд, ки ҳар тоҷире вориди он гардад, бо туҳфа ва дастовезҳои қимматбаҳо бояд ба назди шоҳ ояд.
Савдогар аз рӯйи расму оини ин ҷой бо туҳфаҳои беҳтарин ба даргоҳи подшоҳ омад. Шоҳ аз ин кори савдогар хушҳол шуд ва барои ӯ дастархони пурнозу неъмат орост.
Ногуфта намонад, ки шоҳи ин давлат золиму хунхор буд ва нардбозиро дӯст медошт. Ӯ гурбаи доное дошт ва он гурба бо думи худ ҳафт шамъро то саҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё