Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

— Зудтар, зудтар дароед, ки шӯла хунук
мешавад.

Дарвозаи хона кушода шуд ва Мук дид, ки сагу гурбаи бисёре вориди хона гаштанд. Мук ҳам ҳамроҳи онҳо ба хона даромад ва дар дарун кампир ӯро мунтазир буд. Кампир аз Мук кӣ буданашро пурсон шуд. Мук тамоми саргузашти худро ба ӯ нақл кард. Дили кампири меҳрубон сӯхт ва ба назди ӯ нозу неъмати фаровон гузошт. Мук аз хӯроки болаззат ва меваҳои ширин шикамсерӣ хӯрд. Бо хоҳиши кампир ӯ дар ин ҷой монд ва ҳар рӯз ба сагу гурбаҳо хӯрок тайёр карда, онҳоро парвариш менамуд.

Рӯзҳо паиҳам мегузаштанд, вале кору бори якранг оқибат ба дили Мук заданд. Рӯзе аз рӯзҳо Мук аз хонаи кампир бар ивази хизмати чандмоҳааш як ҷуфт кафшро гирифт ва он ҷойро тарк кард.

Ӯ намедонист, ки кафшҳои гирифтааш сеҳрноканд. Чун Мук кафшро бар пой пӯшид, дигар худи кафш ӯро босуръат ба ҷойи дилхоҳ мебурд. Суръати гашти Мук ба бод баробар буд.
Дар мусобиқаи давидан ӯ аз ҳама пеш гузашт ва акнун ҳамагон ӯро мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд. Ин хабар ба гӯши подшоҳ ҳам расид ва бо амри ӯ афсарон Мукро ба дарбор оварданд.

Аз ин пас Муки мо камбағалу бечора набуд,
дигар гуруснагӣ намекашид, шоҳ ӯро вазифа ҳам
дод: номаҳои муҳими подшоҳро чун бод ба
кишварҳои дигар мерасонид.

пешина
аз 87
навбатӣ