Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Ба дарбориён чолокии Мук маъқул набуд. Онҳо ҳасад мехӯрданд, ки шоҳ Мукро аз ҳама бештар дӯст медорад. Душманон бо ҳар роҳ дар назди шоҳ Мукро ғайбат мекарданд, вале шоҳ ба сухани онҳо эътибор намедод, ӯ намехост, ки Муки чолок ягон лаҳза аз наздаш дур шавад. Ин кор вуҷуди ҳасудону бахилонро месӯхт. Мук мехост, ки бо некӣ аз душмононаш халос хӯрад.

Аз хонаи падар ӯ асое бо худ оварда буд, ки он барои кофтани тилло кор меомад: ҳар ҷойе тилло бошад, асо ба ларзиш медаромад. Дар кӯдакӣ Мук бо он хеле тилло кофта, лекин ҳеҷ чиз наёфта буд. Торикшабе Мук дар боғи назди қаср сайругашт дошт ва баногоҳ асои дасташ сахт ба ларзиш омаду он ду-се бор ба замин бархӯрд. Муки ҳайратзада зуд он ҷойро кофт ва тиллои зиёде ёфт. Акнун зиндагии ӯ тамоман тағйир ёфта буд. Ӯ ба ҳамагон тилло тӯҳфа мекард, мехост онҳо ҳам бою бадавлат шаванд.

Ин кор ба душманони Мук баҳонаи хуб шуд. Хазинадор ба подшоҳ хабар расонид, ки Мук хазинаро дуздидааст ва ба ҳамагон тилло тақсим мекунад.

Шоҳ фармон дод, ки тиллоҳоро аз Мук гирифта худи ӯро аз манора ба поён партоянд. Боз Муки бечора аз кори нек ба бало гирифтор шуд. Ӯ акнун ғайр аз фош намудани сирраш ба шоҳ дигар ҳеҷ илоҷ надошт. Шоҳ дар танҳоӣ ҳамаи гуфтаҳои Мукро шунида, воқеан ба ӯ бовар кард ва хазинадори дурӯғгӯйро ҷазо дод.

пешина
аз 87
навбатӣ