Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Баъд подшоҳ аз Мук сирри кафшҳоро пурсид. Мук сирри кафшро низ ба подшоҳ гуфт ва танҳо сирри ҳангоми се бор ба замин сахт зер кардан аз рафтан бозистодани кафшро фаромӯш кард.
Шоҳ кафшҳои сеҳрнокро ба пой пӯшид ва чун бод ба ҳаракат даромад. Ӯ беист гирди боғ медавид ва касе ӯро нигоҳ дошта наметавонист. Шоҳ намедонист, ки чӣ тавр бозистад. Мук дигар аз подшоҳ дур монда буд. Подшоҳ аз тез давидан сахт тарсид ва оқибат ба ҷарӣ сарозер афтида захмӣ шуд.
Ӯ низ Мукро чашми дидан надошт. Баъди андак ба худ омадан бо газаб амр дод:
– Дар давоми дувоздаҳ соат ту бояд аз давлати ман баромада равӣ, вагарна туро ба дор мекашам.
Афсарони шоҳ асо ва кафши сеҳрноки Мукро гирифта, ба ганҷина бурданд.
Муки бечораро акнун марг интизор буд, аз ин рӯ барои наҷот ёфтан вай ба сӯйи бешазор роҳ пеш гирифт. Баъди чанде ӯ монда шуда, зери дарахтони хурмо гурусна хоб шуд. Чун аз хоб хест, аз меваи ин дарахтон ду дона хӯрд ва назди дарёча обнӯшӣ омад. Вақте назди дарёча омад ва сурати худро дар об дид, аз тарс вуҷуди Мукро сардӣ фаро гирифт: дар сари ӯ ду гӯши калон овезон ва бинииаш дарози нафратовар шуда буданд. Акнун Мук худро бадбахттарин одам ҳисоб мекард. Воқеан, намуди ӯ бинандаро ба даҳшат меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё