Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Ин кулба хурд бошад ҳам, тозаву озода ва зебо буд. Дар байни хона миз, болои он ҳафт лаълии пур аз хӯроки лазиз, ҳафт қошуқ ва боз ҳафттой корду қадаҳ гузошта шуда буданд. Дар гӯшаи ҳуҷра ҳафт кати хоб буд.
Паричеҳра сахт гурусна буд, аз ин рӯ аз ҳафт лаълӣ кам-кам хӯрок хӯрд ва аз ҳафт қадаҳ якқатраӣ об нӯшид. Ӯ сахт монда шуда буд ва баъди таомхӯрӣ беихтиёр дар кате ба хоб рафт.
Соҳибони кулба ҳафт марди паканаи меҳнатдӯст буданд. Онҳо аз кӯҳҳо тилло ҷамъоварӣ намуда, бо меҳнати ҳалоли худ рӯз мегузарониданд. Чун ҳафт марди пакана ба кулба даромаданд, дар як лаҳза ба хонаашон даромадани шахси бегонаро пай бурданд.
«Касе хӯроки маро хӯрдааст, нафаре аз қадаҳи ман об нӯшидааст, шахсе ҷоғаҳи маро кушодааст» — аз ҳар сӯй садо баланд карданд онҳо ва ба ҷустуҷӯйи он «вайронкор» оғоз намуданд. Кофтуковашон дер давом накард, онҳо Паричеҳраро аз кати хобе ёфтанд. Ҳусни духтар онҳоро лол карда буд, ҳамагон чун ҳайратзада бо ҳавас ба ӯ менигаристанд. Онҳо Паричеҳраро ба ҳолаш гузоштанд, ки осуда аз хоб сер шавад. Чун ӯ аз хоб бедор шуд, аслу насабашро пурсон шуданд. Паричеҳра саргузашти талхашро ба онҳо нақл кард. Дили ҳафт марди ҳалолкор аз нақли ӯ реш-реш гашт. Онҳо Паричеҳраро ба хоҳарӣ қабул карданд ва аз ин пас якҷоя хушбахтона умр ба сар мебурданд. Паричеҳра хонаро тозаву озода нигоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё