Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

медошт ва ба онҳо хӯрокҳои бомаза мепухт. Вале хушбахтии онҳо дер давом накард.

Рӯзе дар қаср маликаи бадрашк боз назди оина омада пурсид:

  • Оина маро дидӣ, мислам зебо шунидӣ?

Оина гуфт:

  • Малика ҳамоно зебост, вале дар зебоӣ Паричеҳрае дар кӯҳистон, назди ҳафт марди пакана аз ӯ садчанд болост.

Маликаи бадкор фаҳмид, ки шикорчӣ ӯро фириб додааст ва Паричеҳра ҳамоно зинда аст. Рашки ӯ садчанд зиёд шуд, вуҷудаш аз ҳасад месӯхт. Дигар тоқаташ тоқ шуду дар тан либоси фақирона пӯшид ва худро ба сурати аҷузакампир ороста, дар сабаде себҳои заҳролуд андохта, ба сӯйи ҷангал роҳ пеш гирифт.

Маликаи бадкор аз ҳафт кӯҳ ва аз назди ҳафт марди ҳалолкор гузашта, оқибат кулбаи Паричеҳраро ёфта, баланд садо дод:

  • Себ мефурӯшам, себҳои ширин!

Паричеҳра садои ӯро шунида аз тиреза нигарист ва кампиреро дид. Дилаш ба ӯ сӯхт, ки дар ин ҷангал кампири бечорае себ мефурӯшад. Ӯро ба хона даъват кард ва каме аз себаш харид. Чун себеро Паричеҳра як газ гирифт, ҳамон лаҳза мурдавор ба замин афтид.

Маликаи бадкор ба қаср баргашт ва аз оина боз пурсид:

  • Оина маро дидӣ, мислам зебо шунидӣ?

Оина гуфт:

  • Шумо зеботарин маликаи дунёед.
пешина
аз 87
навбатӣ