Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Бадкора аз кори бадаш лаззат бурду дилаш қарор ёфт.
Бармегардем ба ҷангал, назди Паричеҳраи бечораву ҳафт марди ҳалолкор.
Чун шаб шуд, ҳафт марди ҷасур ба хона баргаштанд ва Паричеҳраро мурда дарёфта, нолаву фиғон оғоз карданд, дили онҳо хун мегирист. Лекин аз дасташон чӣ кор ҳам меомад, дунё ба ҳеҷ кас раҳме надошту надорад. Оқибат онҳо ба тақдир тан доданду барои Паричеҳра тобут сохтанд ва ӯро он ҷой гузоштанд. Вале дили онҳо қарор надошт, онҳо намехостанд ин соҳибҷамолро ба хок гузоранд. Ба ин хотир боз се шабонарӯзи дигар дар гирди тобут наҳуфта нишастанд. Дар назарашон Паричеҳра зинда менамуд, ӯ ҳамоно зебо буду чеҳрааш лолагун, вале нафас намекашид. Баъдан ҳафт бародар ба хулосае омаданд, ки барои Паричеҳра тобути шишагин сохта, бо оби тилло дар танаи он номи Паричеҳраро нависанд. Онҳо шоҳдухтар будани Паричеҳраро низ бо хатти зарҳалин дар танаи тобут сабт намуданд. Ҳамин тавр, ҳар рӯз нафаре аз он мардон ин тобутро посбонӣ мекард.
Рӯзе дар ин ҷангалзор шоҳзодае ҳангоми шикор роҳгум зад ва дар торикшаб хонаи он ҳафт марди заҳматкаш омад. Онҳо шоҳзодаро хуб меҳмондорӣ карданд. Субҳдам вақти рафтан шоҳзода дар тобут Паричеҳраро дида, шайдои ҳусну ҷамоли ӯ гардид. Рӯйи сафеду рухсораҳои лолагун ва мӯйи сип-сиёҳи Паричеҳра шоҳзодаро мафтун карда буданд. Ӯ хост тобутро бо худ гирад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё