Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро ёд кун, эй сари ростон,
Зи Гударз бо ту кӣ зад достон?

Зи Кашводу Геват кӣ дод огаҳӣ?
Ки бо хуррамӣ бодиву фарраҳӣ!»

670 Бад-ў гуфт Кайхусрав: «Эй шермард,
Маро модар ин аз падар ёд кард,

Ки аз фарри яздон кушодӣ сухун,
Бад-он гаҳ, ки андарзаш омад ба бун.

Ҳаме гуфт бо номвар модарам,
К-аз эдар чӣ ояд зи бад бар сарам.

Саранҷом Кайхусрав ояд падид,
Падид оварад бандҳоро калид.

Бад-он гаҳ ки гардад сарафроз нев,
Аз Эрон биёяд ҳунарманд Гев,

675 Мар ўро сўи тахти Эрон барад,
Бари номдорону шерон барад.

Ҷаҳонро ба мардӣ ба пой оварад,
Ҳамон кини моро ба ҷой оварад».

Бад-ў гуфт Гев: «Эй сари саркашон,
Зи фарри бузургӣ ки дорӣ нишон,

Нишони Сиёвуш падидор буд,
Чу бар гулситон нуқтаи қор буд.

Ту букшою бинмой бозу ба ман,
Нишони ту пайдост бар анҷуман».

680 Бараҳна тани хеш бинмуд шоҳ,
Нигаҳ кард Гев он нишони сиёҳ,

Ки мерос буд аз гаҳи Кайқубод,
Дурустӣ бад-он буд каёнро нажод.

Чу Гев он нишон дид, бурдаш намоз,
Ҳаме рехт обу ҳаме гуфт роз.

Гирифташ ба бар шаҳрёри замин,
Зи шодӣ бар ў баргирифт офарин.

Аз Эрон бипурсид в-аз тахти шоҳ,
Зи Гударз в-аз Рустами размхоҳ.

685 Бад-ў гуфт Гев: «Эй ҷаҳондор кай,
Сарафрозу бедору фархундапай.

Ҷаҳондори донандаи хубу зишт,
Маро гар супурдӣ саросар биҳишт,

Ҳамон ҳафт кишвар ба шоҳаншаҳӣ,
Ниҳоди бузургиву тоҷи меҳӣ,

пешина
аз 234
навбатӣ