Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баҳона ту будӣ маро дар ҷаҳон,
Ки бекор буд тахти шоҳаншаҳон.

Маро низ модар зи баҳри ту зод,
Аз ин бора бар дил макун хеч ёд,

Ки ман бегумонам, ки Афросиёб
Биёяд дамон то лаби рўди об.

Маро баркашад зинда бар дор хор,
Фарангисро бо ту, эй шаҳрёр,

1075 Ба об афканад, моҳиёнтон х(в)аранд
Ва ё зери наъл – андарун биспаранд».

Бад-ў гуфт Кайхусрав: «Ин аст бас
Паноҳам ба Яздони фарёдрас.

Фуруд омад аз бораи роҳҷўй,
Бинолиду бар хок бинҳод рўй.

Ҳаме гуфт «Пушту паноҳам туӣ,
Намояндаи доду роҳам туӣ».

Дуруштиву нармӣ маро фарри туст,
Равони хирад сояи парри туст».

1080 Бигуфт ину бар пушти шабранг шуд,
Ба чеҳра ба сони шабоҳанг шуд.

Ба об андарафканд хусрав сиёҳ,
Чу киштӣ ҳаме ронд то божгоҳ.

Паси ў Фарангису Геви далер
Бурун шуд зи Ҷайҳуну аз обгир.

Бар он сў гузаштанд ҳар се дуруст,
Ҷаҳонҷўй Хусрав сару тан бишуст.

Бар он достон-бар ниёиш гирифт,
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт.

1085 Чу аз рўд карданд ҳар се гузар,
Нигаҳбони киштӣ шуд осемасар.

Ба ёрон чунин гуфт, к-инат шигифт,
К-аз ин бадтар андоза натвон гирифт.

Баҳорону Ҷайҳуну оби равон,
Се аспу се ҷавшан, се баргустувон

Бар ин жарфдарё чунин бугзарад,
Хирадмандаш аз мардумон нашмарад.

Пушаймон шуд аз хом гуфтори хеш,
Табаҳ дид аз он кор бозори хеш.

1090 Биёрост киштӣ ба чизе, ки дошт,
Зи боду ҳаво бодбон барфарошт.

Ба пўзиш биёмад бари шаҳрёр,
Чу омад ба наздикии рўдбор,

Ҳама хадяҳо пеши шоҳ оварид,
Камону каманду кулоҳ оварид.

пешина
аз 234
навбатӣ