Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-ў гуфт Гев: «Эй саги камхирад,
Ту гуфтӣ, ки ин об мардум барад.
Чунин моявар богуҳар шаҳрёр
Ҳаме аз ту киштӣ кунад хостор?
1095 Надодӣ, кунун ҳадяи ту мабод!
Расад рўзи кин, рўзат ояд ба ёд».
Чунон хор баргашт аз ў рўдбон,
Ки ҷонро ҳаме гуфт падруд амон.
Чу омад ба наздикии божгоҳ,
Ҳам он гаҳ биёмад зи Турон сипоҳ.
Чу назидики рўд омад Афросиёб,
Ҳам он гаҳ биёмад зи Турон сипоҳ.
Яке бонг зад тунд бар божгоҳ,
Ки «Чун ёфт он дев бар об роҳ?»
1100 Чунин дод посух, ки «Эй шаҳрёр,
Падар божбон буду ман бождор
На дидам, на ҳаргиз шунидам чунин
Ки кардӣ касе оби дарё замин.
Баҳорону ин об бо мавҷи тез,
Чу андар шавӣ, нест роҳи гурез.
Чунон баргузаштанд ҳар се савор,
Ки гуфтӣ ҳаво доштшон дар канор.
Ва ё худ зи боди вазон зодаанд,
Ба мардум зи Яздон фиристодаанд».
1105 Чу бишнид аз ин сон, рухаш гашт зард,
Баровард аз дил яке боди сард.
Аз он пас бифармуд Афросиёб,
Ки «Биштобу киштӣ дарафкан дар об.
Бубин, то куҷо ёбӣ он рафтагон,
Шудастанд ё монда аз хуфтагон.
Бад-он то биёбемашон, зуд бош,
Биёвар ту киштиву падруд бош».
Бад-ў гуфт Ҳумон, ки «Эй шаҳрёр,
Барандешу оташ макун дар канор.
1110 Ту бо ин саворон ба Эрон шавӣ,
Ҳаме дар даму чанги шерон шавӣ.
Чу Гударзу чун Рустами пилтан,
Чу Тусу чу Гургини лашкаршикан.
Ҳамоно, ки аз гоҳ сер омадӣ,
Ки эдар ба чанголи шер омадӣ?
Аз ин рўд то Чину Мочин турост,
Хуру моҳу кайвону парвин турост.
Ту Турон нигаҳ дору тахти баланд,
Аз Эрон кунун нест бими газанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё