Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1115 Пур аз хун дил аз руд гаштанд боз,
Баромад бар ин рўзгори дароз.
Рафтани Кайхусрав ба Исфаҳон
Чу бо Гев Кайхусрав омад ба Зам,
Ҷаҳоне аз ў шоду чанде дижам.
Наванде ба ҳар сў барафканд Гев,
Яке нома бинвишт аз шоҳи нев,
Ки омад зи Турон сипаҳдор шод -
Сари тухмаи номвар Кайқубод,
Сарафроз Кайхусрави некбахт,
Ки шуд оби Ҷайҳун ба зераш чу тахт.
1120 Фиристодае чусту гурду савор,
Хирадманду бинолиду ҳушёр
Гузин кард аз он номдорони Зам,
Бигуфт, он чи пеш омад аз бешу кам.
Бад-ў гуфт: «Аз эдар бирав б-Исфаҳон,
Бар он марзи шоҳону ҷои меҳон,
Ба Гударз гў, «Эй ҷаҳонпаҳлавон,
Бихуфтиву бедор будат равон».
Бигўяш, ки «Кайхусрав омад ба Зам,
Ки боде наҷаст аз бари ў дижам».
1125 Яке нома наздики Ковусшоҳ
Фиристода барҷасту бигрифт роҳ.
Ҳаюнони кафафкани бодпой
Биҷастанд бар сони оташ зи ҷой.
Фиристодаи Геви равшанравон
Нахустин биёмад бари паҳлавон.
Паёмаш ҳаме гуфту нома бидод,
Ҷаҳонпаҳлавон нома бар сар ниҳод.
Зи баҳри Сиёвуш ду дида пуроб,
Ҳаме кард нафрин бар Афросиёб.
1130 Фиристода шуд назди Ковуси кай,
Зи ёли ҳаюнон биполуд хай.
Чу омад ба даргоҳи Ковусшоҳ,
Зи шодӣ хурўш омад аз боргоҳ.
Сипаҳбад фиристодаро пеш хонд.
Бар он номаи Гев гавҳар фишонд.
Ҷаҳоне ба шодӣ биёростанд,
Ба ҳар ҷой ромишгарон хостанд.
В-аз ин огаҳӣ шуд сўи Нимрўз
Ба фирўзии Геви гетифурўз.
1135 Бубахшид Рустам ба дарвеш зар,
Ки н-омад газанде бар он шери нар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё