Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
В-аз он пас гусӣ кард Бонугушасп
Або хоста ҳамчу Озаргушасп.
Ҳазору дусад номвар меҳтарон,
Або тахт, бо тоҷҳои гарон.
Парастанда сесад, ғуломон ду шаст,
Ҳамон ҳар яке, ҷоми заррин ба даст.
Бурун рафт Бону зи пеши падар,
Бари Гев шуд ҳамчу мурғи бапар.
1140 Фиристод Геваш сўи Исфаҳон,
Пароканда номаш ба гирди ҷаҳон.
Хабар шуд ба гетӣ, ки фарзанди шоҳ
Ҷаҳонҷўй Кайхусрав омад зи роҳ.
В-аз он рўи дигар меҳони ҷаҳон,
Бирафтанд яксар сўи Исфаҳон.
Биёрост Гударз кохи баланд,
Ҳама дебаи хусравонӣ фиканд.
Ба зарру ба гавҳар биёрост гоҳ,
Чунон чун бибояд сазовори шоҳ.
1145 Яке ёраву тавқ бо гўшвор,
Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор.
Саросар ҳама шаҳр озин бубаст,
Биёрост майдону худ барнишаст.
Меҳони сарафроз бархостанд,
Пазира шуданро биёростанд.
Бирафтанд ҳафтод фарсанг пеш,
Пазира шудандаш ба оини хеш.
Чу омад ба дидор бо шоҳ Гев,
Пиёда шуданд он саворони нев.
1150 Чу чашми сипаҳбад баромад ба шоҳ,
Ҳамон Гевро дид бо ў ба роҳ.
Фурў рехт аз дидагон оби зард,
Зи дарди Сиёвуш басе ёд кард.
Фуруд омад аз борагӣ паҳлавон,
Гирифташ ба бар шаҳрёри замон,
Ситудаш фаровону кард офарин,
Чунин гуфт, к- "Эй шаҳрёри ҷавон,
Ту бедордил бошу бедорбахт,
Ба ҷои ту кишвар нахоҳам, на тахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё