Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1155 Зи ту чашми бадхоҳи ту дур бод,
Равони Сиёвуш пур аз нур бод!

Ҷаҳондор Яздон гувои ман аст.
Ки дидори ту ҷонфизои ман аст.

Сиёвахшро зинда гар дидаме,
Бар ин гуна аз дил нахандидаме."

Бибўсид чашму сари Геву гуфт,
Ки "Берун кашидӣ сипеҳр аз нуҳуфт.

Гузорандаи хобу ҷангӣ туӣ,
Гаҳи чора марди дирангӣ туӣ!"

1160 Бузургони Эрон ҳама пеши ў
Якояк ниҳоданд бар хок рўй.

В-аз он ҷойгаҳ шод гаштанд боз,
Фурўзанда шуд бахти гарданфароз.

Сўи хонаи паҳлавон омаданд,
Ҳама шоду равшанравон омаданд.

Бибурданд як ҳафта бо май ба даст,
Биёроста базмгоҳи нишаст.

Ба ҳаштум сўи шаҳри Ковусшоҳ
Ҳама шоддил баргирифтанд роҳ.

Расидани Кайхусрав назди Ковус

1165 Чу Кайхусрав омад бари шаҳрёр,
Ҷаҳон гашт пурбўю рангу нигор.

Ба озин ҷаҳоне шуд ороста,
Дару бому девор пурхоста.

Нишаста ба ҳар ҷой ромишгарон,
Гулобу маю мушк бо заъфарон.

Ҳама ёли аспон пур аз мушку май,
Шакар бо дирам рехта зери пай.

Чу Ковуси кай рўи Хусрав бидид,
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид.

1170 Фуруд омад аз тахту шуд пеши ўй,
Бимолид бар рўи ў чашму рўй.

Ҷавони ҷаҳонҷўй бурдаш намоз,
Гурозон сўи тахт рафтанд боз.

Фаровон зи туркон бипурсид шоҳ,
Ҳам аз тахти солори туронсипоҳ.

Чунин дод посух, ки «Он камхирад
Ба бад рўи гетӣ ҳаме биспарад.

Сипаҳбад чӣ пурсад аз он шўрбахт,
Ки на ком бодаш, на тоҷу на тахт!

1175 Падарро бад-он зору хорӣ бикушт,
Зад онмодарамро ба захми дурушт,

пешина
аз 234
навбатӣ