Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Гузида пас андар-ш Фарҳод буд,
К-аз ў лашкари Хусрав обод буд.
Сипаҳро ба кирдори парвардгор
Ба ҳар ҷой будӣ, ба ҳар корзор.
Яке пайкароҳу дурафш аз бараш,
Бад-он сояи оҳу андар сараш.
Сипоҳаш ҳама теғи ҳиндӣ ба даст,
Зиреҳ туркиву зини суғдӣ нишаст.
340 Ҳама шоҳзода зи тухми Қубод,
Бар эшон ҳама фарри Яздону дод.
Ба рухсора ҳар як чу тобанда моҳ,
Чу хуршеди тобанда дар размгоҳ.
Чу дид он нишасти сари гоҳи нав,
Басе офарин хонд бар шоҳи нав.
Яке номбардору гурди далер,
Паси пушти Фарҳод чун наррашер.
Гуроза, сари тухмаи гевгон
Паси ў ҳаме рафт бо вижагон.
345 Ба зин-андарун ҳалқаҳои каманд,
Аз ў шодмон шуд, ки будаш писанд.
Дурафше ҳаме бурд пайкаргуроз,
Сипоҳаш камандафкану размсоз.
Саворони ҷангиву мардони дашт,
Басе офарин карду пас даргузашт.
Дамон аз паси пушти пайкарҳумой
Ҳаме рафт чун кўҳи рафта зи ҷой.
350 Басе Занга бар шоҳ кард офарин
Бар он бурзу болову теғу нигин.
Ҳар он кас, ки аз шаҳри Бағдод буд,
Або найзаву теғи пўлод буд,
Ҳама баргузаштанд зери ҳумой,
Сипаҳбад ҳаме дошт бар пил ҷой.
Паси ў набарда Фаромарз буд,
Ки бофарру бобурзу боарз буд.
Або кўсу пилу сипоҳи гарон,
Ҳама ҷангҷўёну кундоварон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё