Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

355 Зи Кашмиру аз Кобулу Нимрўз
Ҳама сарфарозони гетифурўз.

Дурафшаш ба сони диловар падар,
Ки касро набудӣ зи Рустам гузар.

Сараш ҳафт ҳамчун сари аждаҳо,
Ту гуфтӣ зи банд омадастӣ раҳо.

Биёмад ба сони дарахте ба бор,
Басе офарин кард бар шаҳрёр.

Дили шоҳ гашт аз Фаромарз шод,
Ҳаме кард бо вай басе панд ёд.

360 Бад-ў гуфт: «Парвардаи пилтан
Сарафроз бошад ба ҳар анҷуман.

Ту фарзанди бедордил Рустамӣ,
Зи Дастони Сомиву аз Найрамӣ.

Кунун марзи Ҳиндустон мар турост,
Зи Қаннуҷ то Систон мар турост.

Касе к-ў ба размат набандад миён,
Чунон кун, ки ўро набошад зиён.

Ба ҳар ҷойгаҳ ёри дарвеш бош,
Ҳаме род бар мардуми хеш бош.

365 Бубин нек, то дўстдори ту кист,
Хирадманду андўҳгусори ту кист?

Бубахшу биёрою фардо магўй,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ ояд ба рўй.

Туро додам ин подшоҳӣ, бидор,
Ба ҳар ҷой хира макун корзор.

Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Ба беранҷ кас ҳеч манмой ранҷ.

Макун эманӣ дар сарои фусўс,
Ки гаҳ сандарус асту гаҳ обнўс.

370 Зи ту ном бояд, ки монад баланд,
Магар дил надорӣ зи гетӣ нажанд.

Марову туро рўз ҳам бугзарад,
Дамат чархи гардон ҳаме бишмарад.

Дилат шодмон бояду тан дуруст,
Се дигар бубин, то чӣ бояд-т ҷуст.

пешина
аз 234
навбатӣ