Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҷаҳонофарин аз ту хушнуд бод,
Дили бадсиголон-т пурдуд бод!»
Чу бишнид панди ҷаҳондори нав,
Пиёда шуд аз бораи тундрав,
375 Басе офарин кард бар шоҳи нав,
Ки андар фузун бош чун моҳи нав!
Заминро бибўсиду бурдаш намоз,
Битобид сар сўи роҳи дароз.
Таҳамтан ду фарсанг бо ў бирафт,
Ҳаме мағзаш аз рафтани ў бикафт.
Биёмўхташ разму базму хирад,
Ҳаме хост, к-аз рўз ромиш барад.
Пур аз дард аз он ҷойгаҳ бозгашт,
Ба сўи саропарда омад зи дашт.
380 Сипаҳбад фуруд омад аз пили маст,
Яке бораи тезрав барнишаст.
Дигар гуфт, к-Эй номвар паҳлавон,
Ҳушивору бедору равшанравон.
Бад-он сон куҷо кор паймудаанд,
Чунон чун ниёкони мо будаанд.
Ҷаҳондор Гаршосп чун шуд куҳан,
Наримон зи кўпол гуфтӣ сухан.
Чу Гаршосп кўпол бардоштӣ,
Ба майдони кин ҳеч нагзоштӣ,
Ба разм ар савор, ар пиёда будӣ,
Замин аз далерон-ш сода будӣ.
Ба Руму ба Чину ба Ҳинд аз набард
Ба мардӣ бикард, он чӣ он кас накард.
Ба гетӣ-дарун то ки ў зинда буд,
Ба мардӣ кас ўро наяфканда буд.
В-аз он пас чу Соми ял омад падид
Наримон маю ҷоми шодӣ кашид.
Дигар чунки Зол омад андар миён,
Камар баста буд назди тахти каён.
Баросуда шуд Сом аз корзор,
Бад-ин сон бувад гардиши рўзгор.
Ва дигар чу ман по задам дар рикеб,
Падар раст аз ошўбу разму ниҳеб.
Агар дев пеш омад, ар аждаҳо,
Набуданд аз теғу гурзам раҳо.
Маро низ ҳангоми осудан аст,
Туро разми бадхоҳ паймудан аст,
Ба гардуни гардон расад номи ту
Гар ояд мар ин кор бар коми ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё