Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Гурозон биёмад ба пардасарой
Дили пур зи дарду сари пур зи рой.
Чу Рустам биёмад, биёвард май,
Ба ҷоми бузург андарафканд кай
Ҳаме гуфт шодӣ туро ёр бас,
Ба фардо нагўяд хирадманд кас.
Куҷо Туру Салму Фаридун куҷост?
Ҳама нопадиданду бо хок рост.
385 Бипўему ранҷему ганҷ оганем,
Ба дил-дар ҳама орзу бишканем,
Саранҷом аз ў баҳра хок асту бас,
Раҳоӣ наёбад аз он рўз кас.
Шаби тира созем бо ҷоми май,
Чу равшан шавад рўз бишмурда пай,
Бигўем, то баркашад ной Тус
Табира бароранд бо кўҳу кўс.
Бубинем, то дасти гардонсипеҳр
Дар ин ҷанг сўи кӣ ёзад ба меҳр.
390 Бикўшему аз кўшиши мо чӣ суд,
К-аз оғоз буд, он чи боист буд.
Баду нек бар мо ҳаме бугзарад,
Хирадманд мардум чаро ғам х(в)арад?
Агар ёр бошад ҷаҳонофарин,
Зи хуни падар бозҷўем кин.
Оғози достони Фуруд – писари Сиёвуш
Ҷаҳондор чун шуд сарафрозу гурд,
Сипаҳро ба душман набояд супурд.
Сиришк андарорад ба мижгон зи ришк,
Сиришке, ки дармон надорад пизишк,
395 Касе к-аз нажоди бузургон бувад,
Зи бешӣ бимонад, сутург он бувад.
Чу бе коми дил банда бояд шудан,
Ба коми касе достонҳо задан.
Сипаҳбад чу хонад варо дўстдор,
Набошад дилаш бо хирад созгор.
Гараш з-орзу боз дорад сипеҳр,
Ҳамон офаринаш нахонад ба меҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё