Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Варо ҳеч хубӣ нахоҳад ба дил,
Шавад з-орзуҳои ў дилгусил.

400 Касеро, к-аш аз бун набошад хирад,
Хирадмандаш аз мардумон нашмарад.

Чу ин достон сар ба сар бишнавӣ,
Бубинӣ сари мояи бадхувӣ.

Гуфтор андар рафтани Тус ба
Туркистон

Чу хуршед бинмуд паҳнои хеш,
Нишаст аз бари тунд болои хеш,

Ба зер андаровард бурҷи бара,
Ҷаҳон чун маи зард шуд яксара.

Табира баромад зи даргоҳи Тус,
Ҳамон нолаи бўқу овои кўс.

Зи кишвар баромад саросар хурўш,
Ҳаво пурхурўшу замин пур зи ҷўш.

Аз овози аспону ғавви сипоҳ
Ҳаме бар фалак роҳ гум кард моҳ.

Зи чоки силеҳу зи овои пил.
Ту гуфтӣ, биёганд гетӣ ба Нил.

Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш
Зи тобидани ковиёнӣ дурафш.

Ба гирдаш саворони гударзиён,
Миён-андарун ахтари ковиён.

410 Сипаҳдор бо афсару гурзу ной
Биёмад ба даҳлези пардасарой.

Бишуд Тус бо ковиёнӣ дурафш,
Ба пой-андарун карда зарринакафш.

Бузургон, ки бо тавқу афсар буданд.
Ҷаҳонҷўю аз тухми Нўзар буданд,

Бирафтанд яксар зи пеши сипоҳ
Гурозону тозон ба наздики шоҳ.

Яке пилпайкар дурафш аз бараш,
Ба абр андароварда заррин сараш.

415 Ҳар он, к-ў зи тухми Манучеҳр буд,
Дилу ҷонаш аз Тус пурмеҳр буд.

Бирафтанд яксар чу кўҳи сиёҳ,
На тобид хуршеди равшан, на моҳ.

Чу лашкар ҳама назди шоҳ омаданд,
Дамон бо дурафшу кулоҳ омаданд.

Бифармуд, то номдорони гурд
Зи лашкар сипаҳбад сўи шоҳ бурд.

пешина
аз 234
навбатӣ