Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-эшон чунин гуфт бедоршоҳ,
Ки «Туси сипаҳбад ба пеши сипоҳ
420 Бибоист бо ахтари ковиён,
Ба фармони ў баст бояд миён.
Бад-ў дод мўҳре ба пеши сипоҳ,
Ки солор ўясту ҷўяндароҳ».
Бад-ў гуфт: «Нагзар зи паймони ман,
Нигаҳ дор оину фармони ман.
Наёзурд бояд касеро ба роҳ,
Чунин аст оини тахту кулоҳ.
Кашоварз ё мардуми пешавар,
Касе, к-ў ба размат набандад камар,
425 Набояд, ки бар вай вазад боди сард,
Макўшед ҷуз бо каси ҳамнабард.
Набояд намудан ба беранҷ ранҷ,
Ки бар кас намонад сарои сипанҷ.
Гузар бар Калот эч гуна макун,
Гар он раҳ равӣ, хом гардад сухун.
Равони Сиёвуш чу хуршед бод,
Бад-он гетияш ҷои уммед бод!
Писар будаш аз духти Пирон яке,
Ки пайдо набуд аз падар андаке.
430 Бародар ба ман низ монанда буд,
Ҷавон буду ҳамсолу фархунда буд.
Кунун дар Калот асту бо модар аст,
Ҷаҳондору бофарру болашкар аст.
Надонад касеро аз Эрон ба ном,
Аз он сў кашидан бубояд лагом.
Сипаҳ дораду номдорони ҷанг,
Яке кўҳ дар роҳи душвору танг.
Ҳам ў марди ҷанг асту гурду савор,
Ба гавҳар бузургу ба тан номдор.
435 Ба роҳи биёбон бубояд шудан,
На некў бувад чанги шерон задан».
Чунин гуфт пас Тус бо шаҳрёр,
«Чу аз рои ту нагзарад рўзгор,
Ба роҳе равам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Наёяд зи фармони ту ҷуз беҳӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё