Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сипаҳбад бишуд тезу баргашт шоҳ
Сўи гоҳ бо Рустами некхоҳ.
Яке маҷлис орост бо пилтан
Раду мўбаду хусрави поктан.
440 Фаровон сухан ронд аз Афросиёб,
Зи дарди дили хеш в-аз ранҷи боб
В-аз он сў, ки буд Тусу дигар сипоҳ,
Ҳаме рафт, то пешаш омад ду роҳ.
Зи як сў биёбони беобу нам,
Калот аз дигар сўву роҳи Чарам
Бимонданд бар ҷой пилону кўс,
Бад-он то биёяд сипаҳдор Тўс.
Кадомин писанд оядаш з-ин ду роҳ,
Ба фармон равад ҳам бар он раҳ сипоҳ.
445 Чу омад бари саркашон Тус нарм,
Сухан гуфт аз он роҳи беобу гарм.
Ба Гударз гуфт: «Ин биёбони хушк
Агар гард анбар диҳад, хок мушк,
Чу ронем рўзе ба тундӣ дароз,
Ба обу ба осоиш ояд ниёз.
Ҳамон беҳ, ки сўи Калоту Чарам
Биронему манзил кунем аз Маям.
Чапу рост ободу оби равон,
Биёбон чӣ ҷўему ранҷи равон?
450 Маро буд бад-ин роҳ рўзе гузар,
Ба пеши сипаҳ Гаждаҳам роҳбар.
Надидем аз он ранҷи роҳи дароз,
Магар буд лахте нишебу фароз.
Ҳамон беҳ, ки лашкар бад-он сў барем,
Биёбону фарсангҳо нашмарем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё