Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сиёвахшгирдаш ниҳоданд ном,
Ҳама мардумон з-он ба дил шодком.
Омадани Пирон ба Сиёвушгирд
Чу Пирон биёмад зи Ҳинду зи Чин,
Сухан рафта з-он шаҳри боофарин.
1845 Ханида ба Турон Сиёвахшгирд,
К-аз ахтар чунин карда шуд рўзи ирд.
Аз айвону аз коху полезу боғ,
Зи рўду зи дашту зи кўҳу зи роғ.
Шитоб омадаш, то бубинад, ки шоҳ
Чӣ кард андар он моявар ҷойгоҳ.
Ҳар он кас, ки ў аз дари кор буд,
Бад-он базм бо ў сазовор буд.
Ҳазор аз хирадманд мардони гурд,
Чу ҳангомаи рафтан омад, бибурд.
1850 Чу омад ба наздики он ҷойгоҳ,
Сиёвуш пазира шудаш бо сипоҳ.
Чу Пирон ба назди Сиёвуш расид,
Пиёда шуд аз дур, к-ўро бидид.
Сиёвуш фуруд омад аз нилранг,
Пиёда гирифташ ба оғўш танг.
Бигаштанд ҳар ду бад-он шаҳр боз,
Сиёвушу Пирони гарданфароз.
Бигаштанд бар гирди он шорсон,
Ки буд пеш аз он сар ба сар хорсон.
1855 Саросар ҳама коху айвону боғ
Ҳаме тофт ҳар сў чу равшанчароғ.
Сипаҳдор Пирон ба ҳар сў биронд,
Басе офарин бар Сиёвуш бихонд.
Бад-ў гуфт: «Гар фарру бурзи каён
Набудит бо дониш андар миён,
Чу оғоз кардӣ бад-ин гуна ҷой,
Куҷо омадӣ ҷой аз ин сон ба пой?
Бимонод то растахез ин нишон
Миёни далерону гарданкашон!
1860 Писар бар писар ҳамчунин шод бод,
Ҷаҳондору пирўзу фаррухниҳод».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё