Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу як баҳра з-он шаҳри хурам бидид,
Ба айвону боғи Сиёвуш расид.

Ба кохи Фарангис бинҳод рўй,
Чунон хурраму шоду дайҳимҷўй.

Пазира шудаш духтари шаҳрёр,
Бипурсиду динор кардаш нисор.

Чу бар тахт биншасту он ҷой дид,
Парастанда бисёр бар пой дид.

1865 Бар он чиз чандин ситоиш гирифт,
Ҷаҳонофаринро ниёиш гирифт.

В-аз он пас ба хўрдан гирифтанд кор
Маю хону ромишгару майгусор.

Бибуданд як ҳафта бо май ба даст
Гаҳе хурраму шоддил, гоҳ маст.

Ба ҳаштум раҳовард пеш оварид
Ҳамон ҳадяҳо сар ба сар, чун сазид.

Зи ёқуту аз гавҳари шоҳвор,
Зи дебову аз тоҷи гавҳарнигор,

1870 Зи динору аспон ба зини хаданг,
Ба зарринситому ҷуноғи паланг.

Фарангисро афсару гўшвор,
Ҳамон ёраву тавқи гавҳарнигор

Бидоду биёмад ба сўи Хутан,
Ҳаме рой зад пеши шоҳ омадан.

Чу омад ба шодӣ ба айвони хеш,
Падидор шуд дар шабистони хеш,

Ба Гулшаҳр гуфт: «Он ки хуррамбиҳишт
Надиду надонад, ки ризвон чӣ кишт.

1875 Бубинад мар он шаҳри фархундаҷой,
Биҳишти барин аст коху сарой.

Чу хуршед бар кохи фаррухсуруш,
Нишаста Сиёвахши бофарру ҳуш.

Ба ромиш бипаймой лахте замин,
Бирав, шорсони Сиёвуш бубин.

Худованди он шаҳр некўтар аст,
Ки гўӣ фурўзандаи Ховар аст.

пешина
аз 234
навбатӣ