Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Тахор он замон лаб зи ҳам баркушод,
Суханҳо ҳама як ба як кард ёд.
695 Ки «Ин пури Тус аст, номаш Зарасп,
Ки аз пили ҷангӣ нагардонад асп,
Ки ҷуфт аст бо хоҳараш Ревниз,
Ба кин омадаст ин ҷаҳонҷўй низ.
Чу бинад бару бозуву миғфарат,
Хаданге бибояд кушод аз барат.
Бад-он то ба хок андарояд сараш,
Нагун андарояд зи бора бараш.
Дилам бегумон аст, к-омад-ш марг,
Дили Тус гардад чу даймоҳбарг.
700 Бидонад сипаҳдори девона Тус,
Ки эдар набудем мо бар фусўс».
Чу наздиктар шуд абар теғи кўҳ,
Назора бар ў буд эронгурўҳ.
Фуруди диловар барангехт асп,
Яке тир зад бар миёни Зарасп,
Ки бо ҷавшану зин танашро бидўхт,
Равонаш зи пайкони ў барфурўхт.
Бияфтоду баргашт аз ў бодпой,
Ҳаме шуд дамону данон боз ҷой.
Ҷанги Тус бо Фуруд
705 Хурўше баромад зи эронсипоҳ,
Ҳаме баргирифтанд гурдон кулоҳ.
Дили Тус пурхуну дида пуроб,
Бипўшид ҷавшан ҳам андар шитоб.
Зи гурдони ҷангӣ бинолид сахт,
Биларзид бар сони барги дарахт.
Нишаст аз бари зин чу кўҳи бузург,
Ки бинҳанд бар пушти пили сутург.
Инонро бупечид сўи Фуруд,
Дилаш пур зи кину сараш пур зи дуд.
710 Тахори сароянда гуфт он замон,
Ки омад абар кўҳ кўҳи дамон.
Сипаҳдор Тус аст, к-омад ба ҷанг,
Натобӣ ту бо кордида наҳанг.
Бирав, то дари диж бубандем сахт,
Бубинем, то чист фарҷоми бахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё