Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу фарзанду домоди ўро ба разм
Табаҳ кардӣ, акнун маяндеш базм».

Фуруди ҷавон тез шуд бо Тахор,
Ки чун разм пеш омаду корзор,

715 Чи Тусу чи пилу чи шери жиён,
Чи ҷангипалангу чи бабри баён

Ба ҷанг-андарун мардро дил диҳанд,
На бар оташи тез бар гил ниҳанд.

Чунин гуфт корозмуда Тахор,
Ки «Шоҳон суханро надоранд хор.

Ту худ як савориву гар оҳанӣ,
Ҳаме кўҳи хоро зи бун барканӣ,

Аз эрониён номвар сӣ ҳазор
Ба ҷанги ту оянд бар кўҳсор.

720 На диж монад эдар на сангу на хок,
Саросар зи пой андароранд пок.

В-агар Тусро з-ин газанде расад,
Ба Хусрав зи дардаш нажанде расад,

Ба кини падар-т андарояд шикаст,
Шикасте, ки ҳаргиз нашояд-ш баст.

Чӣ бояд туро тундиву ҷанги шер,
Ба диж шав, макун ҷанг бар хир-хир!»

Сухан ҳар чи аз пеш боист гуфт,
Нагуфту ҳаме дошт андар нуҳуфт.

725 Зи бемоя дастури нокордон,
Варо ҷанг суд омаду ҷон зиён.

Фуруди ҷавонро диж обод буд,
Ба диж-дар парастанда ҳаштод буд.

Ба боми диж он моҳрўёни ўй,
Ситода ба дидан пур аз гуфтугўй.

Аз он бозгаштан Фуруди ҷавон
Аз эшон ҳаме буд тиравон.

Инон баргироиду омад чу бод,
Ба зеҳ-бар хаданги дигар барниҳод.

730 Чунин гуфт бо шоҳи ҷангӣ Тахор,
Ки «Гар ҷуст хоҳӣ ҳаме корзор,

Магар номвар Тусро нашканӣ,
Туро он беҳ ояд, ки асп афканӣ.

пешина
аз 234
навбатӣ