Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу шоҳ он пиёда насозанд ҷанг,
Агарчи бувад кор душвору танг.

Ва дигар, ки бошад, ки вайро замон
Наёяд ба як чўба тир аз камон.

Чу ояд сипаҳбад бари теғи кўҳ,
Биёяд пасаш бегумон он гурўҳ.

735 Туро нест дар ҷанг поёби ўй,
Надидӣ бурўҳои пуртоби ўй?»

Фуруд аз Тахор ин суханҳо шунид,
Камонро ба зеҳ карду андаркашид.

Хаданге бар аспи сипаҳбад бизад,
Чунон к-аз камони саворон сазад.

Нагун шуд сари борагӣ, ҷон бидод,
Дили Тус пуркину сар пур зи бод.

Ба лашкаргаҳ омад ба гардан сипар,
Пиёда пур аз гарду осема сар.

740 Гавожа ҳаме зад паси ў Фуруд,
Ки ин номвар паҳлавонро чӣ буд?

Ки эдун натобид бо як савор,
Чӣ гуна чамад дар сафи корзор?

Парастандагон ханда бардоштанд,
Ҳаме наъра аз чарх бугзоштанд,

Ки пеши ҷавоне яке марди пир
Аз афроз ғалтон шуд аз бими тир.

Сипаҳбад фуруд омад аз кўҳсар
Бирафтанд гурдон пурандўҳ-бар

745 Гирифтанд як-як бар ў офарин,
Ки эй номвар, паҳлавони замин,

Чӣ беҳ з-он ки боз омадӣ тандуруст,
Ба оби мижа рух набоист шуст.

Бупечид аз он кор пурмоя Гев,
Ки омад пиёда сипаҳдори нев.

Чунин гуфт, к-инро худ андоза нест,
Рухи номдорон аз ин тоза нест.

Агар шаҳрёр аст бо гўшвор,
Чӣ гирад чунин лашкари гашн хор?

750 Нашояд, ки бошем ҳамдостон,
Бад-ин сон, ки ў оварад достон.

Агар Тус якбора тезӣ намуд,
Замона пурошўб гашт аз Фуруд

пешина
аз 234
навбатӣ