Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

К-«Аз аспони ту борае дасткаш,
Куҷо бархиромад бар афроз х(в)аш,

Бидеҳ, то бипўшам силеҳи набард,
Яке то падид ояд аз мард мард.

Яке турк рафтаст бар теғи кўҳ,
Бад-ин сон назора бар ў-бар гурўҳ.

795 Ҳаме рафт хоҳам ба пайкори ўй,
Ки шуд тира ҷонам зи кирдори ўй».

Бад-ў Густаҳам гуфт, к-«Ин нест рўй,
Ту бар хира бар роҳи боло мапўй.

Гар эдун, ки з-эдар бибояд гузашт,
Ҷаҳон пурфарозу нишеб асту дашт.

Маро борагӣ он ки ҷавшан кашад,
Ду мондаст, агар ў якеро кушад,

Наёбам дигар низ ҳамтои ўй
Ба рафтору зўру ба болои ўй.

800 Зараспи ҷаҳондору ҳам Ревниз,
Сипаҳбад, ки гетӣ надорад ба чиз.

Падар-т он ки шери жиён бишкарад,
Ба гардуни гардон ҳаме нангарад,

Аз ў бозгаштанд дил пур зи дард,
Кас овард бо кўҳи хоро накард.

Магар парри каргас шавад ё ҳумой,
В-агарна бад-он диж напўяд ба пой».

Бад-ў гуфт Бежан, ки «Машкан дилам,
Кунун ёлу бозу зи ҳам магсилам.

805 Яке сахт савганд хўрдам ба моҳ
Ба додори кайҳону дайҳиму шоҳ,

К-аз ин кўҳ ман барнагардонам асп,
Магар кушта гардам ба кини Зарасп».

Бад-ў гуфт Густаҳм, к-«Ин роҳ нест,
Хирад ҳеч аз ин тезӣ огоҳ нест».

Бад-ў гуфт Бежан: «Ба кини Зарасп
Пиёда бипўям, нахоҳам худ асп».

Чунин дод посух варо Густаҳам,
Ки «Мўе нахоҳам зи фарқи ту кам.

810 Маро гар бувад борагӣ сад ҳазор,
Думу ёл пургавҳари шоҳвор,

Надорем низ аз ту онро дареғ,
На ганҷу на ҷону на кўполу теғ.

пешина
аз 234
навбатӣ