Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бирав як ба як борагиҳо бубин,
Кадомат беҳ ояд, яке баргузин.

Бифармой, то зин бар он, к-ат ҳавост,
Бисозанду гар кушта ояд, равост».

Яке рахш будаш ба кирдори гург,
Кашидазаҳору баланду сутург.

815 Зи баҳри ҷаҳонҷўй марди ҷавон
Бар ў барфиканданд баргустувон.

Дили Гев шуд з-он сухан пур зи дуд,
Чу андеша кард ў зи кори Фуруд,

Фиристод кас, Густаҳамро бихонд,
Басе достон аз ҷавонӣ биронд.

Фиристод диръи Сиёвуш бараш,
Ҳамон хусравонӣ яке миғрафаш.

Биёвард Густаҳм диръи набард,
Бипўшид Бежан ба кирдори гард.

820 Ба сўи Сипадкўҳ бинҳод рўй,
Чунин чун бувад мардуми кинаҷўй.

Ҷанги Бежан бо Фуруд

Чунин гуфт шоҳи ҷаҳон бо Тахор,
Ки «Омад ба наввӣ яке номдор.

Нигаҳ кун, бубин, то варо ном чист,
Бар ин марди ҷангӣ кӣ хоҳад гирист?»

Ба хусрав Тахори сароянда гуфт,
Ки «Инро аз Эрон касе нест ҷуфт.

Ки фарзанди Гев асту гурди далер,
Ба ҳар ҷанг пирўз чун наррашер.

825 Надорад ҷуз ин Гев фарзанд низ,
Гиромитар асташ зи ҷону зи чиз.

Ту акнун сўи борагӣ дор даст,
Дили шоҳи Эрон нашояд шикаст.

Ва дигар, ки дорад ҳамон ў зиреҳ,
Куҷо Гев зад бар гиребон гиреҳ.

Бар ў тиру жўпин наёяд ба кор,
Сазад, гар пиёда кунад корзор.

Ту бо ў басанда набошӣ ба ҷанг,
Нигаҳ кун, ки алмос дорад ба чанг».

пешина
аз 234
навбатӣ