Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чу Бежан падид омад андар нишеб,
Сабук шуд инону гарон шуд рикеб.
Фуруди ҷавон тарки Бежан бидид,
Бизад дасту гурз аз миён баркашид.
890 Ба Бежан даромад чу шери дижам,
Набуд огаҳ аз бахшиши чархи хам.
Ҳаме хост, то бар сараш барзанад,
Ба як захм хўду сараш бишканад.
Навон гашт Бежан зи захми ҷавон,
Рамида зи сар ҳушу аз тан равон
Чу Руҳҳом дид он, даромад зи пушт
Хурўшон яке теғи ҳиндӣ ба мушт,
Бизад бар сари сифти он марди шер,
Фурў монд аз кор дасти далер.
895 Ҷавон ҳамчунон хаста бозуву дўш,
Ҳаме ронд аспу ҳаме зад хурўш.
Ба наздики диж Бежан андаррасид,
Ба захме паи бораи ў бурид.
Пиёда худу чанд аз он чокарон,
Табаҳ гашта аз ҷанги кундоварон.
Ба диж даршуду дар бубастанд зуд,
Дареғ он дилу номи ҷангӣ Фуруд.
Бишуд бо парастандагон модараш,
Гирифтанд пўшиданӣ дар бараш.
900 Ба зорӣ фиканданд бар тахти оҷ,
Бишуд шоҳро рўзу ҳангоми тоҷ.
Ҳама ғолияҷаъди мушкинкаманд,
Парастанда бо модар аз бун биканд.
Ҳаме канд ҷон он гузида Фуруд,
Ҳама тахт мўю ҳама кох дуд.
Яке чашм баркарду зад боди сард,
Рухаш сўи мому парастанда кард.
Чунин гуфт чун лаб зи ҳам баргирифт,
Ки «Ин мўй кандан набошад шигифт.
905 Кунун андароянд эрониён
Ба тороҷи диж танг баста миён.
Парастандагонам асирон кунанд,
Дижу бораву кўҳ вайрон кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё