Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
870 Сипаҳро ҳама гурзу ҷавшан бидод,
Яке тарки пурмоя бар сар ниҳод.
Миён зери ҳафтони румӣ бубаст,
Биёмад камони каёнӣ ба даст.
Чу хуршеди тобанда бинмуд чеҳр,
Хиромон баромад ба хамми сипеҳр.
Зи ҳар сў баромад хурўши сарон,
Гироянда шуд гурзҳои гарон.
Ғави кўс бо нолаи каррной,
Дами нор сарғину ҳиндидарой.
875 Фуруд омад аз бораи диж Фуруд,
Далерони туркон ҳар он кас, ки буд.
Зи гарди саворону аз парри тир,
Сари кўҳ шуд ҳамчу дарёи қир.
Набуд ҳеч ҳомуну ҷои набард,
Ҳаме кўҳу санг аспро хира кард.
Аз ин сў, аз он сў хурўшон шуданд,
Ба разм-андарун сахт кўшон шуданд.
880 Пиёда сарони сипаҳ гирди ўй
Сўи бораи диж ниҳоданд рўй.
Бад-ин гуна то гашт хуршед рост,
Сипоҳи Фуруди диловар бикост.
Фарозу нишебаш ҳама кушта буд,
Сари бахти марди ҷавон гашта буд.
Бад-ў хира монданд эрониён,
Ки чун ў надиданд шери жиён.
Чу шуд корзораш аз ин гуна сахт,
Бидид, он ки бо ў натобид бахт,
885 Зи туркон намонд эч бо ў савор,
Ҳаме кард танҳо ҳамон корзор
Инонро бупечиду танҳо бирафт.
Зи боло сўи диж шитобид тафт.
Чу Руҳҳому Бежан камин сохтанд,
Фарозу нишебаш ҳаме тохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё