Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Дари диж кушоданд эрониён,
Ба ғорат бубастанд яксар миён.
Чу Баҳром наздики он бора шуд,
Зи андўҳ яксар дилаш пора шуд.
Биёмад ба болини фаррух Фуруд,
Рухаш пур зи обу дилаш пур зи дуд.
930 Ба эрониён гуфт, к-«Ин аз падар
Басе хортар мурду ҳам зортар.
Кушанда Сиёвахш чокар набуд,
Ба болин-ш-бар кушта модар набуд.
Ба гирдаш ҳама кох афрўхта,
Ҳама хонумон кандаву сўхта.
Ба бад бас дароз аст дасти сипеҳр,
Ба бедодгар барнагардад ба меҳр.
Зи Кайхусрав акнун надоред шарм,
Ки чандон сухан гуфт бо Тус нарм.
935 Ба кини Сиёвуш фиристодатон,
Басе панду андарзҳо додатон.
Зи хуни бародар чу огаҳ шавад,
Ҳаме шарму озарм кўтаҳ шавад.
Зи Руҳҳом в-аз Бежани тезмағз
Наёяд ба гетӣ яке кори нағз».
Ҳамон гаҳ биёмад сипаҳдор Тус,
Ба роҳи Калот андаровард кўс.
Чу Гударзу чун Геви кундоварон,
Зи гурдони Эрон сипоҳи гарон.
940 Сипаҳбад ба сўи Сипадкўҳ шуд,
Биёмад дамону беандўҳ шуд.
Чу омад ба болини он кушта зор,
Бад-он тахт бо модар афканда хор,
Ба як даст Баҳром, пуроб чашм
Нишаста ба болини ў пур зи хашм.
Ба дасти дигар Зангаи Шоварон,
Бад-ў анҷуман гашта кундоварон.
Гави чун дарахте бар он тахти оҷ
Ба дидор моҳу ба болой соҷ.
945 Сиёвахш буд хуфта бар тахти зар
Або ҷавшану тарку гурзу камар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё