Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ў зор бигрист Гударзу Гев,
Чунон номдорону гурдони нев.

Рухи Тус пур шуд зи хуни ҷигар,
Зи дарди Фуруду зи дарди писар.

Ҳама чашм пуробу дил пур зи хўй,
Ба Туси сипаҳбад ниҳоданд рўй.

Чунин гуфт бо Тус Гударзу Гев
Ҳамон номдорону гурдони нев,

950 Ки «Тундӣ пушаймонӣ орад-т бор,
Ту дар бўстон тухми тундӣ макор,

Ки тезӣ на кори сипаҳбад бувад,
Сипаҳбад, ки тезӣ кунад, бад бувад.

Ҷавоне бад-он сон зи тухми каён
Бад-ин фарру болову бурзу миён

Бидодӣ ба тезиву тундӣ ба бод
Зарасп он сипаҳдори нўзарнажод.

Зи тундӣ гирифтор шуд Ревниз,
Набуд аз бади бахт монида чиз.

955 Ҳунар бо хирад дар дили марди тунд,
Чу теғе, ки гардад ба зангор кунд».

Чу чанде бигуфтанд, об аз ду чашм
Бибориду омад зи тундиву хашм.

Чунин посух овард, к-«Аз бахти бад
Басе ранҷу сахтӣ ба мардум расад».

Бифармуд, то дахмаи шоҳвор
Бикарданд бар теғи он кўҳсор.

Ниҳоданд зер-андараш тахти зар,
Ҳамон ҷавшану теғу гурзу камар.

960 Тани шоҳвораш биёростанд,
Гулу мушку кофуру май хостанд.

Сарашро ба кофур карданд хушк,
Танашро ба дибқу гулобу ба мушк.

Ниҳоданд бар тахту гаштанд боз,
Шуд он шердил марди боному соз.

Зараспи сарафроз бо Ревниз,
Ниҳоданд дар паҳлуи шоҳ низ.

Сипаҳбад бар он риши кофургун
Биборид аз дидагон ҷўи хун.

965 Чунин аст, ҳарчанд монем дер,
На пили сарафроз монад, на шер.

пешина
аз 234
навбатӣ