Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1105 Кунун пеши Туси сипаҳбад шавӣ,
Бигўиву гуфтори ў бишнавӣ,
Ситонам аз ў хилъату хоста,
Парастандаву аспи ороста.
Бидидам ман ин рост, эй родмард,
Чӣ гўӣ, кунам рўзи ҷангу набард».
Тажови фиребанда гуфт: «Эй далер,
Дурафши маро кас наёрад ба зер.
Маро эдар акнун нигин асту гоҳ,
Ҳамон аспу ҳам гўспанду сипоҳ.
1110 Ҳамон низ шоҳе чу Афросиёб,
Ба Эрон касе ин набинад ба хоб.
Парастору аз бодпоён гала,
Ба дашту дару кўҳ карда яла.
Ту ин андакӣ лашкари ман мабин,
Маро бин ту бо гурз бар пушти зин.
Ман имрўз бо ин сипаҳ он кунам,
Ки аз омадантон пушаймон кунам».
Чунин гуфт Бежан ба фаррух падар,
Ки «Эй номвар гурди пархошхар,
1115 Сарафрозу бедордил паҳлавон,
Ба пирӣ на онӣ, ки будӣ ҷавон.
Туро бо Тажов ин ҳама панд чист?
Бар ў-бар чунин меҳру пайванд чист?
Яке гурзу ханҷар бибояд кашид,
Дилу мағзи эшон бибояд дарид».
Барангехт аспу баромад хурўш,
Ниҳоданд кўполу ханҷар ба дўш.
Яке тира гард аз миён бардамид,
Бар он сон, ки хуршед шуд нопадид.
1120 Ҷаҳон гашт чун абри баҳман сиёҳ,
Ситора надиданд равшан, на моҳ.
Ба қалби сипоҳ-андарун Геви гурд,
Ҳаме аз ҳаво равшаноӣ бибурд.
Ба пеш-андарун Бежани тезчанг,
Ки ҳаргиз накардӣ ба коре диранг.
В-аз он рўй бо тоҷ бар сар Тажов,
Ки будиш бо шери дарранда тов.
Ялонаш буд Аржангу Мардуи шер,
Ки ҳаргиз набуданд аз ҷанг сер.
1125 Басе барнаёмад бад-ин рўзгор,
Ки Аржанги ял андаромад зи кор.
Ду баҳра зи турониён кушта шуд,
Сари бахти вожуна баргашта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё