Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҳаме шуд гурезон Тажови далер,
Пасаш Бежани номбардори шер.
Хурўшону ҷўшону найза ба даст,
Ту гуфтӣ, ки ғуррандапил аст маст.
Яке найза зад бар миёни Тажов,
Намонд он замон бо Тажов эч тов.
1130 Гироянда буд марду румӣ зиреҳ,
Наҷунбиду накшод банди гиреҳ.
Бияфканд найза, биёзид чанг,
Чу бар кўҳ бар ғурм тозад паланг.
Бар он сон, ки шоҳин рабояд чаков,
Рабуд он гаронмоя тоҷи Тажов,
Ки Афросиёбаш ба сар барниҳод,
Набудӣ ҷудо з-ў ба хобу ба ёд.
Чунин то дари диж ҳаме тохт асп,
Пас андар-ш Бежан чу Озаргушасп.
1135 Чу наздикии диж расид, Испанўй
Биёмад хурўшон пур аз об рўй.
Ба овоз гуфт Испанўй: «Эй Тажов,
Сипоҳат куҷо ҳасту он зўру тов?
Ки бар ман чун ин пушт баргоштӣ,
Бар ин диж маро хор бугзоштӣ?
Сазад, к-аз пас-андар нишонӣ маро,
Дар ин диж ба душман намонӣ маро».
Тажови сарафрозро дил бисўхт,
Ба кирдори оташ рухаш барфурўхт.
1140 Фароз Испаную Тажов аз нишеб,
Бад-ў дод дар тохтан як рикеб.
Чу бод Испанўй аз пасаш барнишаст,
Биёвард дар гирдгоҳаш ду даст.
Ҳаме тохт чун гард бо Испанўй,
Сўи роҳи Турон ниҳоданд рўй.
Замоне давид аспи ҷангӣ Тажов,
Намонд эч бо аспу бо мард тов.
Тажов он замон бо парастор гуфт,
Ки «Душвор кор омад, эй нек ҷуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё