Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҳама буму марз оташ андарзаданд,
Фасила саросар ба ҳам барзаданд».
Чу бишнид Афросиёб ин сухун,
Ғамӣ гашту пас чора афканд бун.
1165 Ба Пирони Виса чунин гуфт шоҳ,
Ки «Гуфтам, биёвар зи ҳар сў сипоҳ,
Диранг оваридӣ ту аз коҳилӣ,
Сабаб пирӣ омад ва гар баддилӣ?
Басе хешу пайванди мо кушта шуд,
Сари бахти бедор баргашта шуд.
Кунун нест имрўз ҷои диранг,
Ҷаҳон гашт бар марди бедор танг».
Сипаҳдор Пирон ҳам андар шитоб
Бурун омад аз пеши Афросиёб.
1170 Зи ҳар марз мардони ҷангӣ бихонд,
Силеҳу дирам доду лашкар биронд.
Чу омад зи паҳлў бурун паҳлавон,
Ҳама номзад кард ҷои гавон.
Сўи маймана Бормону Тажов,
Саворон, ки доранд бо шер тов.
Чу Настеҳани гурд бар майсара
Куҷо шер будӣ ба чангаш бара.
Ҷаҳон шуд пур аз нолаи каррной,
Зи нолидани санҷу ҳиндидарой.
1175 Ҳаво сар ба сар сурху зарду бунафш,
Зи бас найзаву гуна-гуна дурафш.
Зи дарё ба дарё набуд ҳеч роҳ,
Зи аспу зи пилу ҳаюну сипоҳ.
Ҳаме кард Пирон ба рафтан шитоб,
Аз айвон ба дашт омад Афросиёб.
Сипаҳро якояк ҳама баршумурд,
Ки чанд аст ҷангӣ сарафроз гурд.
Шумори сипаҳ омадаш сад ҳазор,
Ҳама шермардони оҳангузор.
1180 Чунон шоддил гашту равшанравон,
Басе офарин хонд бар паҳлавон,
Ки рафтӣ ба пирўзиву шодмон,
Мабинод чашмат балои замон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё