Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1145 Фурў монд ин аспи ҷангӣ зи кор,
Зи пас бадсигол омаду пеш ғор.

Агар дур аз эдар ба Бежан расем,
Ба коми бадандеш душман расем.

Туро нест душман ба якборагӣ,
Бимон, то биронам ман ин борагӣ».

Фуруд омад аз пушти асп Испанўй,
Тажов аз ғами ў пур аз об рўй.

Биронд аспу шуд назди Афросиёб,
Пасаш Бежан - андар гирифта шитоб.

1150 Чу дид он рухи моҳрўй Испанўй,
Фурў ҳишта аз мушк то пой мўй.

Расид андар он ҷой Бежан фароз,
Гирифташ мар он хубрухро ба ноз.

Паси пушти хеш-андараш ҷой кард,
Сўи лашкари паҳлавон рой кард.

Ба шодӣ биёмад ба даргоҳи Тўс,
Зи даргоҳ бархост овои кўс,

Ки бедордил марди ҷангӣ савор,
Дамон бо шикор омад аз корзор.

1155 Сипаҳдору гурдони пархошҷўй
Ба вайронии диж ниҳоданд рўй.

В-аз он пас бирафтанд сўи гала,
Куҷо буд дар дашти Турон яла.

Гирифтанд ҳар як каманде ба чанг,
Чунон чун бувад сози мардони ҷанг.

Ба хам андаромад сари борагӣ,
Биёрост лашкар ба якборагӣ,

Нишастанд бар ҷойгоҳи Тажов
Саворони Эрон пур аз хашму тов.

Огоҳ шудани Афросиёб
аз Тус ва сипоҳи ў

1160 Тажови ғамӣ бо ду дида пуроб
Чу омад ба наздики Афросиёб,

Чунин гуфт, к-«Омад сипаҳдор Тус,
Яке лашкар овард бо бўқу кўс.

Палошону он номдорони мард
Ба хок андаромад сароншон ба дард.

пешина
аз 234
навбатӣ