Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи бод омадӣ, рафт хоҳӣ ба гард,
Чӣ донӣ, ки бо ту чӣ хоҳанд кард?

Ду баҳра аз эрониён кушта буд,
Дигар хаста аз ҷанг баргашта буд.

На он хастагонро ба болин пизишк,
Ҳама ҷои ғам буду хунин сиришк.

1245 Сипаҳбад зи пайкор девона гашт,
Дилаш бо хирад ҳамчу бегона гашт.

Ҷаҳондида Гударз бо пирсар
На пуру набера, на буму на бар.

Ҷаҳондидагон пеши ў омаданд,
Шикастадилу роҳҷў омаданд.

Яке дидбон бар сари кўҳ кард,
Куҷо дидабон сўи анбўҳ кард.

Талоя ҳаме гашт бар ҳар суе,
Магар ёбад он дардро доруе.

1250 Яке номдоре аз эрониён
Бифармуд, то танг бандад миён,

Диҳад шоҳро огаҳӣ з-он сухун,
Ки солори лашкар чӣ афканд бун.

Чӣ рўзи бад омад ба эрониён,
В-аз ин кина ҷустан чӣ омад зиён.

Бозхондани Кайхусрав Тусро

Раванда бари шоҳ бурд огаҳӣ,
Ки тира шуд он рўзгори беҳӣ.

Чу шоҳи далер он суханҳо шунид,
Биҷўшиду аз ғам дилаш бардамид.

1255 Зи кори бародар пур аз дард буд,
Бар он дард-бар дарди лашкар фузуд.

Забон кард гўё ба нафрини Тус
Шаби тира то гоҳи бонги хурўс.

Дабири хирадмандро пеш хонд,
Дил оганда будаш, ҳама барфишонд.

Яке нома бинвишт дил пур зи хашм
Ба сўги бародар пур аз об чашм

Ба сўи Фарибурзи Ковусшоҳ,
Яке назди пурмоягони сипоҳ.

1260 Сари нома буд аз нахуст офарин
Бад-он, к-офаридаш замону замин.

Ба номи Худованди хуршеду моҳ,
Ки ў дод бар неку бад дастгоҳ.

пешина
аз 234
навбатӣ