Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
В-аз ўяст пирўзиву ҳам шикаст,
Ба неку ба бад з-ў бувад кому даст.
Ҷаҳону макону замон офарид,
Паи мўру кўҳи гарон офарид.
Хирад доду ҷону тани зўрманд,
Бузургиву дайҳиму тахти баланд.
1265 Раҳоӣ наёбад сар аз банди ўй,
Якеро бувад фарру авранди ўй
Якеро дигар шўрбахтӣ бувад,
Ниёзу ғаму дарду сахтӣ бувад.
Зи рахшанда хуршед то тира хок
Ҳама дод бинам зи Яздони пок.
Бишуд Тус бо ковиёнӣ дурафш,
Зи лашкар чиҳил марди зарринакафш.
Ба Турон фиристодамаш бо сипоҳ,
Бародар шуд аз кин нахустин табоҳ.
1270 Ба Эрон чунон низ меҳтар мабод,
Бар он гуна солори лашкар мабод!
Дареғ он бародар Фуруди ҷавон,
Сари номдорону пушти гавон.
Зи кори падар зору гирён будам,
Пур аз дард якчанд бирён будам.
Кунун бар бародар бибояд гирист,
Надонам маро душману дўст кист.
Нашав, - гуфтам ўро ба роҳи Чарам,
Мазан бар Калоту Сипадкўҳ дам,
1275 Ки он ҷо Фуруд асту бо модар аст,
Гави кайнажод асту кундовар аст.
Надонад, ки ин лашкар аз бун киянд?
Аз эронсипоҳанд ё худ чиянд?
Бурун ояду дарнасозад ҳаме,
Ба ҷанг-андарун сар бибозад ҳаме.
Дареғ ончунон гурди хусравнажод,
Ки Туси фурўмоя додаш ба бод.
Агар пеш аз ин ў сипаҳбад будаст.
Ба Ковусшоҳ ахтари бад будаст.
1280 Ба разм-андарун низ хоб оядаш,
Чу бо май нишинад, шитоб оядаш.
Ҳунарҳо ҳама нест наздики ўй,
Мабодо чунон ҷони торики ўй!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё