Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чи моя бикушту чи моя бибурд,
Баду неки ин марз яксон шумурд.
Мукофоти он бад кунун ёфтанд,
Агарчанд ногоҳ биштофтанд.
Кунун, гар туӣ паҳлавони сипоҳ,
Чунон чун туро бояд, аз ман бихоҳ!
1345 Гар эдун, ки як моҳ хоҳӣ диранг,
Зи лашкар саворе наёяд ба ҷанг.
В-агар ҷанг ҷўӣ, манам ҷангхоҳ,
Биёрою баркаш сафи размгоҳ.
Чу як моҳ бар орзу бишмаред,
В-аз ин марзи Туронзамин бугзаред,
Давонед лашкар сўи марзи хеш,
Бубинед бедордил арзи хеш.
В-агарна ба ҷанг андароем танг,
Махоҳед аз ин пас замони диранг».
1350 Яке хилъат орост Руҳҳомро,
Чунон чун бувад дархури номро.
Ба назди Фарибурз Руҳҳоми гурд
Биёвард нома, чунон чун бибурд.
Фарибурз чун ёфт як маҳ диранг,
Ба ҳар сў биёзид чун шер чанг.
Сари бадраҳоро кушоданд банд,
Зи ҳар сў кашон шуд камону каманд.
Бигаштанду лашкар биёростанд,
Зи ҳар чиз лахте биперостанд.
Шикаста шудани эрониён
ба ҷанги туркон
1355 Чу омад сари моҳу ҳангоми ҷанг,
Зи паймон нагаштанду аз ному нанг.
Зи ҳар сў баромад хурўши сипоҳ,
Бирафтанд яксар сўи размгоҳ.
Зи бас нолаи бўқу кўсу дарой
Ҳаме осмон андаромад зи ҷой.
Ҳам аз ёли аспону дасту инон,
Зи кўполу теғу камону синон
Набуд пашшаро рўзгори гузар
Зи бас теғу гурзу каманду сипар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё